Китоби бахти мо: Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби бахти мо: Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон

    Дар кафедраи тибби оилавии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино 5-уми ноябри соли 2018 зимни роҳбарии дотсенти кафедра Ҷ.Инъомзода бахшида ба таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси донишҷӯён гузаронида шуд.

    Дар конфронс донишҷӯёни бахшҳои 4-ӯм ва 6-ӯми факултети тиббӣ фаъолона иштирок намуданд. Донишҷӯёни гурӯҳи 23-ӯми бахши 4-ӯми факултети тиббӣ Нозанин Анварова, Тахмина Исматова ва Мансур Бахтибеков оид ба таърихи таълифи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳою ҳуҷҷатҳои стратегии соҳаи нигаҳдории тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба самтҳои мушаххаси фаъолияти тиббию фармасевтӣ бахшида шудаанд, маърӯза намуданд.

    Дар маркази диққати иштирокчиёни маҳфил баррасии вазифаҳое буданд, ки аз нутқи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 01.09.2018 дар ҷараёни вохуриашон бо ҳайати омӯзгорону толибилмони ДДТТ ба номи Абӯалӣ бни Сино бахшида ба Рӯзи сулҳу ваҳдат бармеояд.

    Дар маҳфили бахшида ба тарбияи насли наврас инчунин мудири кафедра, н.и.т. М.Ҷ.Ёдгорова ва дотсентони кафедра н.и.т. М.П.Носирова баромад карда оид ба масъалаҳои мубрами тарбияи насли навраси табибони ҷавон сухан ронданд.

 

 Ҷ.Инъомзода, дотсенти кафедраи тибби оилавии №2, н.и.т. 



08.11.2018     47