Иштироки донишҷӯёни тибқи квотаи Президентӣ таҳсилкунанда дар “Ҷашни Меҳргон”

Санаи 13. 10. соли 2019 57 – нафар донишҷӯёни донишгоҳ, ки тибқи квотаи Президентӣ таҳсил мекунанд, дар чорабинӣ бахшида ба “Ҷашни Меҳргон ” ва ҳамчунин дар фестивал озмуни даври ниҳоии “Ҷашни нон” дар “Боғи Ирам” иштирок варзиданд. Дар чорабинии мазкур бештар донишҷӯёни курси якум ширкат доштанд ва дар охири чорабинӣ онҳо, ки бори аввал ба саҳни боғ ворид шуда буданд , аз гулгашту растаҳои боғ дидан намуданд.
Муовини декан оид ба донишҷӯёни тибқи квотаи Президентӣ таҳсилкунанда Иргашева Ҷ.З.


16.10.2019     81