Иштироки донишҷӯён дар Форуми навбатии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

Иштироки донишҷӯён дар Форуми навбатии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

Рӯзи 15-уми ноябр дар кохи Суруш донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар форуми навбатии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти унвони “Нақши раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар масири давлатдории навини тоҷикон” бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҷлили 27-солагии Иҷлосияи XVI-и Шӯрои Олӣ ва 25-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иштирок намуданд. Чорабинии мазкур бо баромадҳои кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар бораи сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва татбиқи ҳадафҳои оинномавӣ ва барномавии ҳизб дар сатҳи баланд баргузор гардид.

Шӯрои бонувон



22.11.2019 238