Иштирок дар чорабиниҳои тарбиявӣ – ахлоқӣ

Иштирок дар чорабиниҳои тарбиявӣ – ахлоқӣ Садорати факултети фармасевтӣ ҷиҳати беҳтар гаштани раванди таълиму тарбия дар байни донишҷӯён чорабиниҳои гуногуни тарбиявию ғоявиро ҷоннок намуда, кӯшиш менамояд, ки сатҳи маърифатнокии донишҷӯёнро тавассути ба роҳ мондани машғулиятҳои гуногуни фарҳангию ахлоқӣ баланд бардорад. Аз он ҷумла, чунин як тадбирҳо ин ҷалби донишҷӯён ба маҳфилҳои театрӣ мебошад.


Дар доираи баргузории чунин чорабиниҳои тарбиявӣ, санаи 26.09.2018 дар қатори донишҷӯёни дигар факултетҳои Донишгоҳ, донишҷӯёни курси 1 – уми факултети фармасевтӣ низ баъд аз дарс ба Театри академӣ – драммавии ба номи А. Лоҳутӣ ташриф оварданд. Дар театри мазкур намоишномаи таҳиянамудаи ҳунармандони ин боргоҳи фарҳангу ҳунар таҳти унвони «Ишқи нобино» пешкаши донишҷӯён гардид.


Қайд кардан ба маврид аст, ки як бахши намоишномаи мазкур ба илми тиб ва дастовардҳои навини он бахшида шуда буд. Донишҷӯён рафти намоишномаро бо диққат тамошо намуда, ба сатҳу сифати он баҳои баланд доданд.


Баъд аз тамошои намоишнома донишҷӯён бо як ҷаҳон таассурот дар саҳни Театри академӣ – драммавии ба номи А. Лоҳутӣ бо ҳамдигар аксҳои хотиравӣ гирифтанд.




Юлдашева У.П.,

Декани факултети фармасевтӣ,


н.и.т., дотсент



01.10.2018     45