Ин танҳо ватанфурӯшист!

     Давоми чанд рӯзи охир васоити ахбори омма дар шабакаҳои иҷтимоӣ масъалаи марги Файзинисо Воҳидоваро бо дасисаю буҳтонҳои зиёд мавриди баррасӣ қарор додаанд, ки ин ҳама дасти бадбинони миллат ва хоинони ин сарзамин мебошад.

        Мо шоҳиди ҳама воқеаҳои мухталиф дар ин ё он гушаи дунё ба вуқуъ омада, мегардем. Ин нишон медиҳад, ки аз мо низ дигарон хабардор мегарданд ва баҳои муносиб медиҳанд. Вой бар ҳоламон, ки миллати худро бо дасисаю найрангҳои зиёд мавриди танқид қарор медиҳанд, ки ҷои нанги миллӣ ва соҳибдавлатӣ аст.

        Мо ба хубӣ медонем, ки имрӯз Тоҷикистони азиз зери сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Президенти маҳбуби мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадамҳои устувор ва санҷидашуда ба пеш гузошта истодааст, ки боиси ифтихори кулли тоҷикони ҷаҳон мебошад. Тоҷикистон хонаи умеди ҳама тоҷикистониёну тоҷикони ҷаҳон ба ҳисоб меравад, ки ҳамчун фарзанди нек ва хештанпараст саҳми мувофиқ гузорем.

         Имрӯз набояд бо чунин пиндорҳои нодуруст ва хилофҳои зидди давлатӣ миллати баруманд ва Пешвои миллати худро нодида бигирем. Моро сиёсати давлатии Тоҷикистон дар руҳияи инсондӯстӣ ва хештанпарварӣ ба воя расонида истодааст. Мо насли ҷавони миллат фарзандони имрӯзи ин сарзамини аҷдодӣ муваззаф ҳастем то дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистони азизро муҳофизат намуда ватани биҳиштосо ва кишвари ягонаи худро аз падидаҳои ғайри инсонӣ ва хатарҳои ҷаҳони муосир эмин нигоҳ бидорем. Танҳо мо метавонем барои Ватан – модар ва Тоҷикистон хизмати холисона ва нек амалӣ намоем. Пешвои муаззами миллат дар тамоми суханрониашон таъид месозанд ва огоҳ менамоянд, ки хатарҳои ҷаҳони муосир гуногун ва пешбинишуда ва тарҳрезигардида мебошанд, ки аз ҳар фарди ин сарзамин зиракии сиёсӣ ва донишҳои замонавиро талаб месозад. Ҳукумати Тоҷикистон кушидааст, ки барои тарбияи сиёсӣ илмӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии насли наврас ва ҷавон шароитҳои муосирро муҳаё гардонад, ки дар воқеъ муваффақ гардидааст.

         Мо ҳуқуқи маънавӣ ва дигар ҳуқуқ надорем, ки бо дасти худ бо андешаи нопухта ва пурғарази худ як миллати ҷаҳоншинохтро бадном ва зери таҳқир қарор бидиҳем.

       Хурофотпарастӣ ва ҷаҳолтзадагӣ дар бисёре аз диндорон, динбозон ва динситезони бо ном «НАҲЗАТИҲО» чунон боло рафт, ки онҳо даст ба тамоми нопокӣ заданд, аз ҷумла хуни фарзандони ин миллатро резониданд, ки нобахшиданист.

Моро магар дар мактаб ва таълимгоҳҳои Ватан чунин тарбияи Ватанфурӯши додаанд!?

Шоири маъруф мефармояд:

Ҳадя аз сӯи Худо ҳаст, Ватанро мафурӯш,

Каъбаи меҳру сафо аст, Ватанро мафурӯш.

Ҳеҷ гоҳ ту макун фикри хиёнат ба Ватан,

Ки басо кори хато ҳаст, Ватанро мафурӯш …

Сафаралиев Б.Ф., донишҷӯи курси 6, факултети тиббӣ


12.01.2019     111