Ифротгароиро маҳв бояд кард!

   Имрӯз инсоният дар рӯ ба рӯи як қатор проблемаҳои ҷаҳонӣ қарор дорад, ки ҳалли онҳо кори ҳамаи давлатҳои ҷаҳон аст. Инҳо проблемаҳои амнияти аҳолии кураи Замин, болоравии экстремизм ва терроризм, ҷинояткориҳои трансмиллӣ, афзудани таъсири давлатҳои абарқудрат ба мамлакатҳои хурду вобаста, таъмини аҳолӣ бо оби тозаи нӯшиданӣ ва ғизо, ҳифзи саломатии аҳолӣ аз ҳар гуна бемориҳои сирояткунанда, танзими проблемаҳои демографии аҳолӣ, ҳифзи ҳуқуқҳои инсон ва ғайра мебошанд
   Дар шакли умумӣ ифротгароӣ ҳамчун пайравӣ ба ақида ва амалҳои чапгарое мебошад, ки меъёрҳо ва қоидаҳои дар ҷомеа мавҷудбударо ба қатъиян рад мекунад. Ифротгароие, ки дар соҳаи сиёсии ҳаёти давлат ва ҷомеа ба миён меояд, ифротгароии сиёсӣ ва ифротгароие, ки дар соҳаи дин ба миён меояд, ифротгароии динӣ ном дорад. 
   Дар моддаи 3-юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бо экстремизм” мафҳуми ифротгароӣ чунин шарҳ дода  шудааст: Ифротгароӣ зуҳуроти аз ҷониби ашхоси ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар шакли амалҳои воқеан чапгаро инъикосёфтае мебошад, ки ба бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низоъи нажодӣ, миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ даъват мекунад. Аз ҳамин сабаб ифротгароӣ бо дар назардошти таҳаввулоти умумиҷаҳонӣ ва минтақавӣ бояд ҳамчун зуҳуроти сиёсат ва идеологияи ифротӣ дар ҷомеа ва давлат дониста шавад, яъне он дар сатҳи шахсият ҳамчун зуҳуроти ғоя, дар сатҳи ҳокимияти давлатӣ ҳамчун зуҳуроти сиёсат ва дар сатҳи ҷомеа ҳамчун идеология шинохта шавад. Агар ифротгароиро ҳамчун ғояи шахсият, идеологияи ҷомеа ва сиёсати ҳокимият шуморем, пас мумкин аст онро чунин муайян намоем: экстремизми сиёсӣ зуҳуроти ифротии идеология ва сиёсат дар сатҳи ҷомеа ва ҳокимияти давлатӣ, ки усули ба мақсад ноилшавӣ дар ҳолат ва шароити муайян амалҳои зӯроварӣ ва терроризм мебошад. 
   Терроризм содир намудани амалҳое мебошанд, ки ба одамон хатари марг ба миён меоваранд, истифодаи он мақсади ҷисман бартараф кардани рақиби сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир ба аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад. Зӯроварӣ, зулм, фишороварӣ, таҳқир ва паст задани шаъну шарафи инсон, хусусан гурӯҳҳои дигари этникӣ аз ҷониби ҷомеа ва давлат мумкин аст эътирозро ба вуҷуд оварад, ки он мумкин ба ифротгароӣ сабзида расад.
  Чи тавре ки ҷараёни таърихӣ нишон медиҳад, ғояҳо ва идеологияҳои ифротгароӣ, ҳамчун ҳодисаи сиёсӣ дар ду маврид ба миён меоянд: Мавриди аввал. Дар мавриде, ки дар ҷомеа беадолатӣ вуҷуд дорад ва қисми муайяни ҷомеа дар назди худ мақсад мегузорад, ки бар зидди беадолатӣ мубориза барад. Мавриди дуввум. Дар мавриде, ки барои ҳокимият мубориза бурда мешавад. Дар мавриди аввал ифротгароӣ дар сатҳи ғояю андеша ва идеология ба миён меояд. Дар ин марҳала ифрот- гароӣ ҳамчун ҳодиса ва кирдор дар доираи Расми қонун ва тартиботи ҳуқуқи сурат мегирад, ки дар ин маврид ҳанӯз бо роҳҳои музокирот ва машварат ба даст овардани ризояти тарафайн имконпазир аст. Дар мавриди дуюм ифротгароӣ аллакай ба кирдор – дар шакли муборизаи сиёсӣ дар намуди таъқибот ё ифротгароии сиёсӣ, ки усули ноилшавӣ ба мақсад зӯроварӣ ва терроризм мебошад, мубаддал мегардад. 
  Бо дар назардошти он ки ифротгароӣ дар сатҳи шахсият – субъекти сиёсат ва ҳуқуқ ҳам дар гурӯҳҳои ҷамъиятӣ ва ҳам дар фаъолияти намояндагони ҳокимияти давлатӣ зуҳур меёбад, ба ду гурӯҳ ҷудо намудани ифротгароии сиёсӣ ба мақсад мувофиқ аст: ифротгароие, ки таъқиботи сиёсиро дар сатҳи ҳокимияти давлатиро дар назар дорад; ифротгароии сиёсии идеологӣ, ки дар сатҳи ақидаи ифротии гурӯҳӣ қарор дорад. Ифротгароии таъқиботи сиёсӣ ҳамчун намуди зуҳуроти сиёсӣ аз тарафи намояндагони ҳокимияти давлатӣ ба шикастани ҳуқуқ ва озодиҳои шахсӣ, поймолкунии ҳуқуқ ва манфиатҳои ҷомеа ва халқҳои дигар, паҳн намудани идеологияи адовати нажодӣ ва миллӣ ба дастгирии нерӯҳои ифротӣ ва режимҳои диктаторӣ равона карда шудааст. Ин намуди ифротгароӣ дар давраи мавҷудияти ду низоми ҷаҳонӣ, дар давраи “ҷанги сард” ба таври фаъолона зуҳур меёфт. Он замон усулҳои ҳалли мушкилот таҷовуз, табаддулоти ҳарбӣ, исён, муҳосираи ҳарбию иқтисодӣ ва терроризм буданд. 
    Ифротгароӣ одатан ҳамчун ғоя, идеология ва сиёсат, ҳамчун зуҳурот ҳамон вақте ба ҷиноят табдил меёбад, ки усули ноилшавӣ ба мақсад роҳи ҳалли масъалаҳои сиёсӣ роҳи зӯрӣ ё усули террор интихоб карда мешавад. Ифротгароён метавонанд ба музокирот ворид гардида, шарт ба миён гузоранд, ки ӯҳдадориҳои муайянро ба зимма гиранд, ё ки қонунҳо ва роҳи ғайризӯрии ҳали масъаларо рад кунанд Ифротгароии идеологии сиёсиро мумкин аст ҳамчун шакли радикалии зуҳуроти миллию этникӣ, динӣ ва ҷиноию иқтисодӣ фаҳмида шавад. Ифротгароии миллию этникӣ дар зери идеологияи миллатгаро аз мавқеи манфиатҳо ва ҳуқуқҳои миллӣ ё этникӣ бар зидди сиёсати милли ҳокимияти давлатӣ баромад мекунад, аз ин рӯ метавонад кирдори дар шакли натсизм, фашизм, саҳюнизм ва ғайра ба миён ояд. Ҳамин тариқ, ифротгароӣ метавонад аз идеологияи гузарои ақаллияти сиёсӣ ва сиёсати таъқиботкунии аксарияти сиёсӣ иборат бошад. 
     Барои мубориза бар зидди ифротгароӣ дар баробари меъёри ҳуқуқии дар моддаи 8-уми Конститутсия омада, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бо экстремизм”, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон тамоми чораҳои қонуниро меандешанд, ки мардуми кишварро аз ифротгароӣ ва ифротгароён ҳимоя намоянд.

Мудири Шуъбаи иттилоот
 н.и.ф , дотсент   С.М.Расулов


04.12.2018 81