ИФРОТГАРОӢ ПАДИДАИ НОМАТЛУБ ВА ЗИДДИ ИНСОНӢ АСТ

    Ба амнияти шаҳрвандон ва давлатҳо хатарҳое таҳдид намуда истодаанд, ки на танҳо таъсири моддӣ, балки мафкуравӣ ё худ идеологиро ба миён оварда, ба ҳастии миллату тамаддунҳо осебӣ ҷиддӣ мерасонанд. Ин хатарҳо хеле гуногун буда, яке аз онҳо ифротгароӣ ва терроризм мебошад, ки асосҳои маънавии ҷомеаро вайрон намуда, ба амнияти минтақа, тамоми ҷаҳон аз он ҷумла ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам  таҳдид мекунад.


       Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми навбатии худ доир ба масъалаи ифротгароӣ ва терроризм чунин изҳор доштанд: “Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ узви ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, дар ҷараёни таҳаввулоти босуръати ҷаҳонишавии муносибатҳои иқтисодию иҷтимоӣ  ва рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёт қарор дорад. Имрӯз дар як қатор давлатҳо ҷангҳои харобиовар идома дошта, боиси афзоиши шумораи фирориёни иҷборӣ, бекорӣ, гуруснагӣ  ва шиддат гирифтани проблемаҳои дигари иҷтимоӣ гардиданд. Терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, ба оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри  XXI табдил ёфтааст. Аз ин ҷост, ки ҳоло таъмини амният дар ҷомеаи ҷаҳонӣ дар сархати масъалаҳои мубрами рӯз қарор дорад”.


       Ифротгароӣ зуҳуроти аз ҷониби ашхоси ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар шакли амалҳои воқеан чапгаро инъикосёфтае мебошад, ки ба бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низоъи нажодӣ, миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ даъват мекунад. Экстремизм (тундравӣ, аз андоза гузаштан) ба терроризм меорад. Террористон мехоҳанд, мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Террор кардан, ҷомеаро ба ҳолати тарсу ваҳшат ва ноумедӣ афкандан аст.   


        Дар даҳсолаҳои охир чунин ҳодисаҳои ифротгароӣ то чанде васеътар доман паҳн мекунанд, ки ба тасаввуроти динӣ алоқаманд мебошанд. Ифротгароӣ дар асоси дин - ин пайравӣ дар ақида ва амалҳои гузарои динӣ мебошад. Он аз дигар намудҳои ифротгароӣ бо он фарқ мекунад, ки бо роҳи зурӣ тағйир додани сохти давлатӣ ва ғасби ҳокимият, вайрон кардани истиқлолият ва якпорчагии давлат равона карда шуда, таълимот ва рамзҳои  диниро ҳамчун омили  ба тарафи худ ҷалб намудани одамон ва истифодаи онҳо дар муборизаи оштинопазир истифода мебарад. Мақсади экстремизми динӣ таъсиси давлате мебошад, ки ҳудуди байни кишварҳои мусулмониро эътироф намекунад. Фаъолияти онҳо ҳамаи ҷаҳони исломиро фаро гирифта, мақсадашон бошад, барпо намудани ҳокимият аз болои ҷаҳони ислом ва сипас дар тамоми ҷаҳон мебошад. Воқеаҳои ҷаҳон аз он шаҳодат медиҳанд, ки бузургтарин таҳдид ин экстремизми динӣ мебошад. Оғози онро мо дар мисоли фаъолияти ба ном Давлати исломии Ироқу Шом, ки тамоми Ховари Миёнаро ба хусус: Ироқ Сурия Либия, Яманро фаро гирифтааст, мебинем. Мусаллам аст, ки таблиғгарони ин давлати ба ном исломӣ бо дини мубини ислом ягон иртиботе надоранд ва асоси мақсадашон соф сиёсӣ буда, ҳадафи эшон забти ҳокимият ва дар ниҳоят мақсади охиринашон –таъсис додани давлати Исломӣ мебошад.


        Дар ҳамин самт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомали Раҳмон мақсаднок қайд намуданд: “Терроризм ва экстремизм ба дини мубини ислом иртиботе надорад, чунки дини мубини ислом пок буда, танҳо ва танҳо покӣ, ростқавлӣ ва сулҳу суботро мепарастад”.


       Пушида нест, ки  дар замони мо ашхос, ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳое ҳастанд, ки кӯшиш менамоянд, мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро бо ҳар роҳу васила ва ҳатто бо амалҳои тундравона амалӣ созанд. Роҳбарони  гурӯҳҳои экстремистӣ бештар талош меварзанд, ки ҷавононро ба иттиҳодия ва созмонҳои гуногуни худ бо ваъдаҳои ҳалли осони проблемаҳои онҳо, аз ҷумла мушкилоти моддии онҳо ҷалб намоянд. Гурӯҳи алоҳидаи ҷавонон, аксаран ҳатто фикр ҳам намекунанд, ки бо иштироки худ дар чунин созмону иттиҳодияҳо на ин ки мушкилоти мавҷудаи худро ҳал менамоянд, балки мушкилоти зиёди наверо барои худ эҷод намуда, аслан ояндаи худро аз байн мебаранд. Аксарияти ҷавонони ба гурӯҳҳои ифротгаро шомилшуда аз зумраи ҷавононе ҳастанд, ки дар макотиби динии кишварҳои хориҷи ба таҳсил фаро гирифта шуда буданд ё дар муҳоҷирати меҳнатӣ дур аз ватан қарор доштанд.


 Насли ҷавонро ҳушдор додан лозим аст, ки мақсади гурӯҳҳои иртиҷоӣ инсонҳоро ба ҷангу терроризм ва радикализми динӣ сафарбар намудан ва аз аҷдодони аслиашон бегона сохтан, яъне буғӣ кардани эҳсоси худшиносии миллӣ маҳсуб мегардад. Инчуни қувваҳои манфиатҷуй дар оғози амлҳои ғаразноки худ аввал арзишҳои фарҳангӣ-маънавӣ (ахлоқию - дини)-ро коҳиш дода, фалаҷ месозан, баъдан ҳисси нобоварӣ ва таҳдидро афзуда, ба амалҳои зишт ва хавфноки худ даст мезананд. Пайдоиш ва паҳн гардидани падидаҳои номатлуб аз сатҳи пасти маърифати сиёсӣ , ҳуқуқӣ, худшиносӣ, таълиму тарбияи нокифоя  дарак медиҳад.


         Ҷавонони имрӯза бояд тамоми кӯшишу ғайрати худро баҳри илму дониш, созандагию ободкорӣ равона созанд. Дар замони муосир, ки илму техника асоси пешрафти ҷомеаанд, ҷавононро зарур аст, ки пойбанди расму оинҳои  хурофоти нашуда, кӯшиш намоянд, то ҳамқадами замон бошанд ва аз дастовардҳои илмию техникӣ ва технологияи муосир огоҳ гардида, ҷаҳонбинии худро васеъ намоянд. Дар ин робита, вазифаи ҳар як падару модар, омӯзгор ва аҳли ҷомеа аз он иборат аст, ки ҷавононро дар рӯҳияи баланди худшиносию худогоҳии миллӣ, ватандӯстию ватанпарастӣ ва ифтихор аз давлатдории тоҷикон ва пойдории он тарбия намоянд.


     Вобаста ба вазъияте, ки имрӯз дар ҷаҳон ба амал омадааст, яке аз самтҳои афзалиятноки давлатҳои гуногун ин мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм мебошад. Асоси ҳуқуқии мубориза бар зидди ифротгароиро дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “ Дар бораи мубориза бо терроризм”, Қонун “ Дар бораи мубориза бар зидди ифротгароӣ” ва санадҳои дигари қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва асноди ҳуқуқи байналмиллалӣ, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф карда шудаанд, ташкил медиҳанд. Соли 2003 қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “ Дар бораи мубориза бар зидди ифротгароӣ” қабул шуд, ки мақсади он, пеш аз ҳама, риоя кардан ва ҳимоя намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон, асосҳои сохти конститутсионӣ, таъмини якпорчагӣ ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.


     Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи шартномаҳои байналмилалӣ дар соҳаи мубориза бар зидди терроризм бо давлатҳои хориҷӣ, бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсуси онҳо,  инчунин бо ташкилотҳои байналмилалии бар зидди терроризм муборизабаранда, ҳамкорӣ менамояд. Бо мақсади пешгирии фаъолияти ифротгароӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис, бақайдгирӣ ва фаъолияти созмонҳои ифротгаро ё созмонҳое, ки ба ифротгароӣ мусоидат мекунанд, таблиғоти ифротгароиро пеш мебаранд, маводи ифротгароӣ паҳн менамоянд манъ карда шудааст.


      Манъ намудани таъсиси ҳизбҳое, ки хусусияти миллӣ ва динӣ доранд, асоси воқеӣ дорад, зеро мардуми тоҷик дар тӯли таърих ба ҳайси миллати тамаддунофару инсондӯст машҳур гардидааст ва бунёди ҳамагуна ҳизби хусусияти динӣ дошта ҳангоми ба таври расмӣ фаъолият намуданаш дар ҷумҳурии мо собит сохт, ки мавҷудияти чунин ҳизб боиси тафриқаю ҷудоиандозӣ дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа мегардад. 

Қиматов Р.С.,

Директори Маркази омодагии каблӣ,

номзади илмҳои химия, дотсент



01.10.2018     48