Фетивали дӯстии ҷавонону варзишгарони пойтахт таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст»

Фетивали дӯстии ҷавонону варзишгарони пойтахт таҳти унвони  «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст»

Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе дар ҳамҷояги бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Федератсияи футболи Тоҷикистон санаи 13 ноябри соли 2020 бахшида ба «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар толори «Флармонияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев» маросими ҷмъбасти «Фетивали дӯстии ҷавонону варзишгарони пойтахт» - ро таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст!» бо иштироки роҳбарияти Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Федератсияи футболи Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохторҳои шаҳрӣ, ректорони донишгоҳу донишкадаҳо, директорони колеҷу омӯзишгоҳҳо ва мудирони Шуъбаҳои кор бо ҷавонони муассисањои тањсилоти олии касбии ҳудуди шаҳри Душанбе баргузор намуд. 

Қобили зикр аст, ки Фестивали мазкур бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо мақсади самаранок истифода бурдани майдончаҳои варзишӣ ва инфросохторҳои соҳаи варзиш роҳандозӣ шуда, ҳадафи он ташаккули тарзи ҳаёти солим  ва ҷалби ҷавонону наврасон ба варзиш мебошад.

Дар қисмати расмии кори Фестивал Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ, Муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Шоҳзод Раҳимзода, ва намояндагони сохторҳои дахлдор иштирок ва суханронӣ намуданда ғолибони Фестивалро бо ҷоизаҳо сарфароз гардониданд.

Боиси хурсандист, ки дар рафти ҷамъомади мазкур ба роҳбарияти МДТ “ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино” низ сипоснома аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе супорида шуд.

Аз МДТ “ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино” Муовини ректор оид ба корњои тарбиявї н.и.т., дотсент Қурбонбекова П.Қ., Мудири Шуъбаи кор бо ҷавонон Шарифов Қ.О. ва 20 нафар донишҷӯёни фаъоли донишгоҳ иштирок намуданд.

Мудири Шуъбаи кор бо ҷавонон  -*  Шарифов Қ.О.


4
3
2
1
16.11.2020 91