Фестивали «Чакомаи гесӯ»

Фестивали «Чакомаи гесӯ»
6 март дар толори «Сино»-и МДТ «ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино», ба муносибати таҷлили ҷашни «Рӯзи Модар» фестивали «Чакомаи гесӯ» баргузор гардид.
Дар чорабинӣ муовини ректор оид ба тарбия, н.и.т, дотсент Қурбонбекова Парвина Қамчибековна, раиси Шӯрои занон ва духтарони донишгоҳ Ҳоҷиева Г.Б., муовини декан оид ба квота Эргашева Ҷ, З, сардори шуъбаи фарҳанг Файзов Э.М., сармутахассиси шуъбаи тарбия Ҳафизов Т.С., мутахассиси шуъбаи фарҳанг Сулаймонова Н.С., муовини декан оид ба тарбияи факултети тиббӣ Бурҳонова З.У., инчунин донишҷӯён иштирок намуданд.
Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии муовини ректор оид ба тарбия Қурбонбекова П.Қ. оғоз гардид. Парвина Қамчибековна сараввал ҳамаи занон ва донишҷӯдухтарони толорро ба муносибати ҷашни пуршукуҳи дар пеш истода, яъне «Рӯзи Модар» табрику таҳният гуфта, оид ба манзалати зан дар ҳаёт ва ҷомеаи имрӯзи кишвар андешаронӣ намуданд.
Сипас, ровии чорабинӣ ба шарҳу тавзеҳи фестивал пардохта, бо дастгирии ҳозирин иштирокчиёни фестивалро ба саҳна даъват намуд. Бояд иброз дошт, ки фестивал аз се шарт- 1. Ороиши мӯю рӯй, 2. Ҳаракати мавзун, 3. Фарҳанги муошират иборат буда, дар он 16 нафар донишҷӯдухтарони факултеҳои тиббӣ, фармасевтӣ, НТҶ ва педиатрӣ ширкат варзиданд.
Дар интиҳо, барои ҷамъбасти фестивал иштирокчиён бо Дипломҳои омоданамудаи роҳбарияти донишгоҳ, Шӯрои занон ва духтарон ва шуъбаи фарҳанг сарфароз гардонида шуданд.
Шуъбаи фарҳанг

11.03.2020 143