Эҳтиром ва раҳму шафқат-унсурҳои асосии фарҳанги тиббӣ

Эҳтиром ва раҳму шафқат-унсурҳои асосии фарҳанги тиббӣ

Чанде қабл дар кафедраи Физиологияи патологӣ маҳфили илмӣ-назариявӣ бо иштироки мудири кафедра дотсент Тоштемирова З.М., муаллимон Бобоев У.Қ. ва Шукуров Ф.А., инчунин донишӯёни курси сеюми факултаи тиббӣ дар мавзӯи «Эҳтиром ва раҳму шафқат-унсурҳои асосии фарҳанги тиббӣ» баргузор гардид.

Маҳфил бо сухани мудири кафедра, н.и.т.,дотсент Тоштемирова З.М. ифтитоҳ гардид. Дар оғози маҳфил мудири кафедра оиди эҳтиром ва раҳму шафқат нисбати беморон сухаронӣ карданд.

Баъдан аз ҷониби донишҷӯи курси 3, гурӯҳи 58 Муҳаммадиев Муҳаммад дар мавзӯи «Эҳтиром ва раҳму шафқат-унсурҳои асосии фарҳанги тиббӣ» маъруза пешниҳод шуд. Дар маъруза қайд карда шуд, ки эҳтиром ва раҳму шавқат дар касби табибон яке аз хислатҳои муҳимтарин ба шумор меравад. Ҳамчунин қайд карда шуд, ки раҳму шавқат бо маҳфумҳои инсондӯстӣ, таҳаммулпазирӣ, ҳамдардӣ ва меҳрубонӣ ҳамсафанд.

 Кафедраи физиологияи патологӣ

 


31.12.2018 95