Донишҷӯёни факултети тиббӣ паёми Пешвои миллатро тамошо карданд

Донишҷӯёни факултети тиббӣ паёми Пешвои миллатро тамошо карданд

      Аз Паём то Паём ин фосилаи вақте аст, ки ҳама интизораш ҳастанд. Интизорӣ имсол ҳам бори хуб овард. Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсола аз дастовардҳои соли сипаригашта, ки соли хело хуб дар ёдҳо мемонад, кайд намуданд, Дар соли 2018 мо шоҳиди дигаргуниҳои азими иктисодиву иҷтимоӣ, ҳуқуқию фарҳангӣ ва шукуфоиҳои беназир гардидем, ки дар маҷмӯъ ба раванди рушди бонизоми кишвар таъсири мусбат гузоштаанд. Ин ҳам бошад эълон гардидани соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», даҳсолаи «2018-2028 Солаи Об амал барои рушди устувор», ифтитоҳи корхонаҳои саноатӣ, беморхонаҳо хонаҳоӣ истиқоматӣ, мактабҳои таҳсилоти дараҷаи байналмиллалӣ ва ғайра мебошанд, ки бузургтарини онҳо ин ба кор даромадани агрегати аввалини НОБ-и Роғун ба шумор меравад. Ба кор даромадини агрегати дуюми НОБ-и Роғун дар баҳори соли 2019 боз як хушхабаре буд, ки моро бетараф монда наметавонад. Ҳар як дастоварде, ки дар ин сол ба даст омадааст, хурсандии ҳамаи моро афзун мекунад.
         Хусусан Пешвои миллат дар Паёми навбатии худ нисбати забономӯзии ҷавонон, нақши ҷавонон дар пешрафти ҷомеа ва касбомӯзии онҳо диққати зиёд доданд ва оиди яке аз масъалаҳои мубрами рӯз, ки хусусияти сиёсӣ ва иҷтимоӣ дорад, ин ҳам бошад пешгирии ҷавон аз шомилшавӣ ба гуруҳҳои эсктремистӣ ва террористӣ мебошад, муроҷиат карда қайд намуданд, ки ҳар як ҷавони баору номус вазифадор аст, ки баҳри ҳимояи арзишҳои миллӣ, ҳифзи марзу буми кишвар, амнияту суботи ҷомеа, пойдориву бардавомии давлатдории мустақили тоҷикон, сулҳу ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ тамоми кӯшишу талош ва дониши хешро равона намояд.
        Донишҷӯёни факултети тиббии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар ин рӯз дар толорҳои барҳавои донишгоҳ Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо эҳтироми хоса  тамошо карданд. Аз дастуру супоришҳои сарвари давлат ва муроҷиати  бовариноки он кас ба ҷавонон,  онҳо руҳу илҳоми тоза гирифтанд.



Ҷ.Қ. Муҳаббатов, декани факултети тиббӣ, д.и.т.


29.12.2018     45