Донишҷӯи курси сеюми факултети стоматологӣ сазовори медали бириҷии Ҷоми ҷаҳон гашт

Донишҷӯи курси сеюми факултети стоматологӣ сазовори медали бириҷии Ҷоми ҷаҳон гашт

       Донишҷӯи курси 3-юми факултети стоматологӣ Зарипов Сӯҳробҷон Рустамҷонович дар Ҷоми ҷаҳон оид ба таэквондо ИТФ дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Белорус   аз 28 ноябр то 3 декабри соли ҷорӣ иштирок намуд.

        Боиси таҳсину ифтихор аст, ки Ӯ дар ин мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ мақоми 3-юми фахриро соҳиб гашта, сазовори медали биринҷӣ гардида, шаъну шарафи миллати тоҷикро боло бардошт. Бояд қайд намуд, ки Зарипов Суҳробҷон соли гузашта оид ба таэквондо дар ҳайати дастаи 6 нафараи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазни 64 кг дар байни калонсолон ғолиб гашта, соҳиби медали тилло ва Ҷоми ҷаҳон гашта буд. Инчунин, ӯ ғолиб ва ҷоизадори Чемпионати ҷаҳон ва Чемпионати Осиё дар байни наврасон, узви дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон, устоди варзиши дараҷаи байналмиллалӣ мебошад. Дар деканати факултети стоматологӣ бо номбурда сӯҳбат гузаронида, пас аз муборакбодӣ тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

 

 Иброҳимов Ю.Ҳ., декани факултети  стоматологӣ, н.и.т.

                      


20.12.2018     41