Дил ба даст овар...

Дил ба даст овар...

Дил ба даст овар, ки Ҳаҷҷи акбар аст,

Аз ҳазорон Каъба як дил беҳтар аст.

       Аз ҳоли ятиму бепарасторон ва бечорагону дармондагон хабар гирифтан ва дили онҳоро шод намудан, амали савоб буда, яке аз хислатҳои хуби инсонӣ мебошад. Аз он ҷумла кӯдакони поку бегуноҳ, ки аз хурдӣ меҳру муҳаббати падару модарро надидаанд, ба диққат ва меҳрубониҳои мо ниёзи калон доранд.

      Вобаста ба ин дотсенти кафедраи “Тибби оилавии №2” Носирова Матлюба Пулотовна бо ҳамроҳии донишҷӯёни гурӯҳи 40, курси 4-и факултаи тиббӣ тасмим гирифтанд, ки ба хабаргирии кӯдакони бепарастори “Хонаи кӯдакони синни томактабии №1” шаҳри Душанбе раванд.


       Санаи 30-юми октябри соли 2018 дар “Хонаи кӯдакони синни томактабии №1” фазои идона парафшон буд. Садои хурсандию хандаҳои кӯдакон синфхонаҳои кӯдакистонро фаро гирифта буданд. Яке шеър мехонд, дигаре суруд, сеюми мерақсид. Магар ин нест хушбахтии ҳақиқӣ!

      Маъмурият ва ҳайати мураббиёни хонаи кӯдакон нигоҳубин ва таълиму тарбияи дурусти кӯдаконро ба роҳ мондаанд.

      Донишҷӯёни гурӯҳ низ аз дидорбинии мазкур барои худ ғизои хуби маънавӣ гирифтанд.


Парпиев Комрон, донишҷӯёни гурӯҳи 40, курси 4-и факултаи тиббӣ 

 

 

 

 

 

       


31.10.2018     93