ДИИШ чӣ гуна пайдо шуд?

(Ё чӣ тавр баъзе ҷавонони мо аввал гумроҳ ва баъд пушаймон мешаванд?)

     Ташкилоти террористӣ-экстремистии «Давлати исломии Ироқу Шом» дар заминаи хушку холӣ арзи ҳастӣ накардааст. Балки ДИИШ зимни нақша ва барномаҳои мушаххаси қудратҳои манфиатдор ва ташкилотҳои террористӣ таъсис дода шудааст. Ин ташкилоти террористӣ ҳадаф, мақсад ва дурнамои худро дорад. ДИИШ дорои сохтори идорӣ, воҳиди пули ва ҳокимияти судӣ, ҳамчун давлати алоҳида, дар минтақаҳои муайян фаъолият мекард.

      Аммо ягон давлати дунё «Давлати исломии Ироқу Шом»-ро ҳамчун низоми давлатии мустақим эътироф накардааст, балки онро ҳамчун ташкилоти байналмилаллии террористӣ шинохтаанд.

          Давлатии исломии Ироқ (ДИИ) як шохаи Ал-қоида соли 2004 ташкил шуда буд ва онро ҷангии урдунӣ Шайх Абу Мусаб Заркавӣ сардорӣ мекард, ки соли 2006 кушта шуд. Ҷои ӯро Абу Ҳамза Мухадтир гирифт ва онро ҳам куштанд. Баъд Абу Умар ал-Бағдодӣ роҳбар шуд. Ӯро ҳам соли 2010 куштанд.

Акнун ба як ҷои аҷибу муҳим нигоҳ кунед!

     Роҳбари ДИ Ироқро, киҳо таъин кардаанд ва ӯ кӣ буд?

    Абубакри ал-Бағдодӣ соли 1971 дар Ироқ таввалуд шуд. Шамиъун Элит корманди махсуси Хадамоти ҷосусии Массад (Исроил) пас аз паҳн гардидани ДИИШ то билоди Сурия халифаи он таъин гардид.

   Шайхҳои такфирӣ ва ифротии салафия барои байъат намудан ба Абубакри Бағдодӣ дастур ва фатво доданд. ДИИ ба ДИИШ табдил ном кард. Шахсияти Шамиъун махфӣ нигоҳ дошта шуда, ӯ бо номи мустаори Абубакри Бағдодӣ шинохта мешавад.

     Абубакри Бағдодӣ мусалмон нест, аз яҳудиёни арабитабори Ироқ маҳсуб ёфта, аз шаҷараи Иброҳим Авад, Иброҳим Алӣ Муҳаммад алъ-Бадрӣ ас-Самаррай мебошад. Донишгоҳи Бағдодро тамом карда, унвони д.и.таърих ва ҳуқуқҳои исломӣ дошт.

Иттилои нави аҷиб дар бораи Абубакри Бағдодӣ!

     Рӯзномаи «Алқудс –ал-арабӣ»-и чопи Лондон дар мусоҳиба бо яке аз устодони Донишгоҳи Бағдод иттилооти ҷолиберо дар бораи Абубакри Бағдодӣ, ки донишҷӯи ӯ буд, нақл кард.

     Аз ҷумла, рӯзнома навиштааст, ки «муддатҳост, хабаре аз Абубакри Бағдодӣ ба гуш намерасад, аммо ӯ ҳануз сюжети хубе барои расонаҳост».

   Аҳмад Алкабисӣ, устоди Донишгоҳи Бағдод дар Ироқ ба «Алқудс аларабӣ» гуфтааст: «Абубакри Бағдодӣ-саркардаи гурӯҳи террористии ДИИШ донишҷӯи ман буд, ки ҳамеша охири синф менишаст ва яке аз танбалтарин ва бадтарин шогирдон буд».

   Ин устоди донишгоҳ афзудааст: «Бағдодӣ ҳамеша охири синф менишаст ва ҷиддияте дар хондани дарс надошт».

Ӯ амири гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткорони салафӣ мебошад.

Амнияти ӯ аз ҷониби хадамотҳои махсус таъмин карда мешавад.

     Абубакри Бағдодӣ ҷинояткори бераҳм, тундрав, душмани дини ислом ва тамоми мусалмонҳост.

     Шамиъун Элит-Абубакри Бағдодӣ дар суханрониҳояш барои фиреби мусалмонҳо худро аз қабилаи Қурайш ва новадони Паёбари Худо муаррифӣ намудааст. Абубакри ал-Бағдодӣ 5-уми июли соли 2014 дар масҷиди ҷомеи Мосули Ироқ расман суханронӣ намуда худро Амиру-л-муъминин-Халифаи «Давлати исломӣ» эълон кард. Халифаи «Давлати исломӣ»-Абубакри Бағдодиро аз номи Қуръон ва суннат дар арсаи байналмиллалӣ таблиғ намуданд.

   Ӯ аз размандагони аршади Ал-қоида дар Ироқ ба шумор рафта, узви Хадамоти разведкаи Амрико буд.

    Барои ошкор нашудани ҳамкории Абубакри Бағдодӣ бо Хадамоти мустаъмирӣ ва ҷосусӣ Вазорати дифоъи Амрико ӯро бо дигар ҷинояткорони шохаи Ал-қоида дастгир намуда, дар қатори боздоштагон дар лагери махсуси «Букка» нигоҳ доштанд. Дар ин лагер зиндониёнро шиканҷа, озор ва азоби алим медоданд.

    Лагери «Букка» дар шаҳри Умми Қасри Ироқ ҷойгир буда, дар он ҷо 20-26 ҳазор зиндонӣ нигоҳ дошта мешуд. Сипас аз он ҷо озод гардид, ва бо ҳавопаймои низомӣ С-17 ба Амрико таҳвил дода шуд ва аз он ҷо солҳои 2015-2018 дар штаби худ дар Раккаи Сурия истода бо афсарони халқии Сурия ва бо ёридиҳандаҳои артиши Руссия то торумор ва несту нобуд кардани штаби ӯ ва кушта шуданаш, муборизаи ашадӣ мебурд (Иттилооти Вазорати мудофиаи Руссия).

     Дигар иттилоотҳои давлатҳои Ғарб, мегӯянд, ки баъд аз ҷараёни ҳамлаи ҳавоӣ ба истеҳкоми ДИИШ дар Ироқ маҷрӯҳ шуд, дар госпиталҳои Исроил аз ҷароҳат ва шикастани устухонҳои баданаш ва касалии диабет дар азоб буда, наметавонад бе кӯмаки дигарон роҳ равад.

   Роҳбари истихбороти Ироқ Абӯ Алӣ алъ-Басрӣ навишта, ки мо маълумоти раднашаванда аз дохили гурӯҳи террористӣ дорем, ки Бағдодӣ зинда, дар минтақаи Алъ-Ҷазира, воқеъ дар қисмати Шимолу Шарқи Сурия паноҳ бурдааст, ва гуфт, ки «Давлати исломӣ»-ро дар Либия давом медиҳам.

      Мувофиқи хабарҳои шабакаи телевизионии «Ас-Сумария»-и Ироқ.

    Бино ба иттилои баъзе аз манбаҳои мақомоти амниятӣ Абубакр ал-Бағдодӣ роҳбари гурӯҳи террористии ДИИШ, «бистарӣ шуда, тавони роҳбарии гурӯҳро надорад».

   Ба ҳамин далел ба ҷои ал-Бағдодӣ ба мақоми роҳбари гурӯҳи террористӣ Абуусмон ат Тунисӣ ном террористи дигаре таъин шудааст.

      Ат-Тунисӣ ном зодаи Тунис буда, ба гуфтаи расонаҳои хабарии Ироқ, тундравҳои ин кишвар роҳбари навро напазируфтанд ва мухолифи таъиноти ӯ шуданд.

    Аз солҳои ташкил шудани ДИИШ бо ҳар хел иттилоотҳо аз 25 то 100 ҳазор зархаридон, қотилон қариб аз 110 давлатҳои дунё аз 13 то 69 сола бо шиори ташкил кардани «Халифат дар тамоми дунё» меҷанганд. Мақсади асосиашон–сохтани «Давлати исломӣ» дар тамоми Шарқи наздик:

1.     Тунис (2926 ҷангиён);

2.     Арабистони Саудӣ (3224 ҷангиён);

3.     Иордания (3 ҳазор ҷангиён);

4.     Фаронса (1910 ҷангиён);

5.     Марокко (аз 1,2 то 1,5 ҳазор ҷангиён);

6.     Индонезия, Миср, Англия, Олмон, Лубнон (аз 500 то 1000 нафари аз ҳар як давлат);

7.     Федератсияи Руссия (3417, боз 5000 нафари дигар аз Туркия баргардонида шудаанд);

8.     Давлатҳои СНГ (8,7 ҳазор), аз он ҷумла аз Тоҷикистон-1300 нафар (боз 3000 нафар аз Туркия дастгир карда шуданд), аз Ӯзбекистон-1500, 500 нафар аз Қирғизистону Қазоқистон ва 400 нафар аз Туркманистон буданд.

        Аз 1300 нафари Тоҷикистон 300 нафар кушта шуданд, 147 кас гашта омаданд, 780 касони дигар дар «Давлати исломӣ» ҷангида истодаанд, дар кофтукоб ҳастанд. Аз 1300 кас-85% онҳо муҳоҷирони меҳнатии тоҷикҳо дар Руссия буда, аз он ҷо ба ҳар хел ташвиқотҳои дурӯғ гумроҳ шуда ба Туркия, аз он ҷо ба Сурия рафта, ҷангида, маҷрӯҳ, фавтида, пушаймон хӯрдааанд.

      Бисёрии тоҷиконе, ки дар Сурия ва Ироқ ҷангида, баъд аз шикаст хӯрдани ДИИШ аз зарбаҳои ракетивии Руссия бо азобу машаққат ба Афғонистон гурехта ба филиали «Давлати исломӣ»-вилояти Хуросон, ки соли 2015 ташкил шуда ба боевикҳои аз ҳар давлатҳо ҷамъ шуда уйғурҳо аз Чин, Чеченҳо аз Қафқоз, писарони Ҷумаи Намангонӣ, Юлдошев-собиқ роҳбарони кушташудаи ҳаракатҳои исломии Ӯзбекистон ва Туркистон ба онҳо ҳамроҳ шуда байъат ва фатво доданд, ва дар Қундуз, Мазори Шариф, Бадахшон ҷойгир шудаанд. Бо якчанд иттилоотҳо, қарибии 5600 боевикҳо-қотилон аз 33 давлатҳои ҷаҳон ба хонаҳояшон гашта омаданд, ки ин ба ташвишу хавфи калон ба идораҳои махсуси низомӣ-амнияти бисёр давлатҳои ҷаҳон ва аҳолии онҳо оварда расониданаш мумкин аст.

       Мисоли оддӣ:Фақат соли 2017 Хадамоти махсуси Руссия 56 ячейкаи пинҳонкори террористиро пешгирӣ намуданд. 1018 ҷангандаро дастгир карданд. 76 террористро несту нобуд карданд.

      Солҳои охир ба гурӯҳҳои террористӣ ва «Давлати исломии Ироқу Шом» (ДИИШ) пайвастани ҷавонон, сокинони як қисми сайёраро ноором кардааст.

     Аз ҷумла, шаҳрвандони кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ низ бо роҳҳои гуногун ба ин гурӯҳҳо ҷалб шуданд ва шуда истодаанд.

     Як қисми онҳоро агар ҳаваси ба зуддӣ соҳиби пулу мол шудан ба гумроҳӣ барад, қисми дигари онҳо аз нофаҳмию, ноогоҳӣ ва соддагӣ, ё ба иборае «Фанатизми динӣ» водор месозад.

     Боз як омил камсавод, камбизоат будани баъзе аз ҷавонон, аз мактаб дур мондани онҳо, ва надоштани касби муайян мебошад.

      Маҳз ҳамин гуна ҷавонон, аз ҳама пештар, бештар ва бо роҳи осон ба сайди доми афроди тундрави беватан ифротгаро табдил меёбанд.

        Ба гуфтаҳои онҳое, ки террорист шуданд дар он ҷо на дин асту, на мазҳаб ва на садоқат ба Худо, балки макони ба қатлу оташи хун даст доштани гурӯҳҳои ифротгаро ва ғайра асту халос.

     Мутаасифона, даҳҳо, садҳо ҷавонон: писарону духтарони мо ҳам бо ин хел ташвиқотҳои бардурӯғ ба дасти иғвогарон афтода аз тарафи Туркия ба Сурия рафта ба гурӯҳи ДИИШ афтода, террорист-экстремист шудаанд.

      Аз ҳамин сабабҳо, насли калонсол-падару модарон, омӯзгорон, ходимони дин, кормандони ҳифзи ҳуқуқ, матбуот, радиову телевизион ва дигар табақаҳои аҳолии мамлакатро зарур аст, ки бо ҷавонон ва наврасон ҳамаҷониба кор баранд, сӯҳбатҳои нишонрас ташкил намоянд, гуфтор ва намоишҳои ибратомӯз пахш кунанд, то онҳо ба доми фиребу, ташвиқоти ҳар гуна гурӯҳҳои ифротгаро наафтанд.

Таҳияи Абдуғаффор Воҳидов,

ассистенти кафедраи беҳдошти муҳити зист

 


31.10.2018 116