Дастовардҳои иқтисодии Тоҷикистон

Дастовардҳои иқтисодии Тоҷикистон

       Ба муносибати таҷлили сазовор аз ифтитоҳи чархи якуми НБО “Роғун” санаи 1-уми ноябри соли 2018 бо иштироки васеи донишҷӯёни курси якуми факултети тиббӣ аз ҷониби омӯзгори кафедра Абдураҳмонов З.В. презентатсия дар мавзӯи “Дастовардҳои иқтисодии Тоҷикистон дар солҳои истиқлолият” гузаронида шуд. Дар рафти гузаронидани презентатсия донишҷӯён бо мушкилотҳои солҳои 90- уми асри гузашта ошно шуда, ҳамчунин сарфи назар аз мушкилотҳои ин давра дар атрофи пешравиҳои ҳамаҷонибаи Тоҷикистони соҳибистиқлол маълумот дода шуд.

    Донишҷӯён бо заҳматҳои шабонарӯзии халқи тоҷик зери роҳбарии фарзанди фарзонаи миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри бартараф намудани оқибатҳои ҷанги шаҳрвандӣ шинос гардида, бо шукригузорӣ аз Ваҳдати миллӣ дар охири презентатсия дастҷамъона хулоса намуданд, ки ҳақиқатан НБО “Роғун” меваи истиқлолият ва ваҳдати миллии тоҷикон мебошад.

 Кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ


08.11.2018 97