Дарси тарбиявӣ - намунавӣ

Дарси тарбиявӣ - намунавӣ

Кафедраи “Фанҳои ҷомеашиносӣ” дар асоси нақша- чорабиниҳои кафедра оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохурӣ бо омӯзгорону донишҷӯёни ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ҷиҳати дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ тарбия намудани ҷавонони кишвар, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби созандагони ояндаи Ватан дарси намунавӣ – тарбиявӣ дар мавзӯи “Истиқлолияти Тоҷикистон ва аҳамияти таърихии он” бо иштироки донишҷӯёни курси якуми (гурӯҳҳои50-51) факултети тиббӣ (куратори гурӯҳ Назаров Ш.С.) доир намуданд. Дар дарси тарбиявӣ дар баробари маърӯзаҳои гуногуни ватандӯстона донишҷӯ Зарифова Мадина бо шеърҳои эҷодкардааш дар васфи ватанро қироат намуданд.

Кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ


08.10.2018     93