Дар Паёми имсола саноатикунонӣ ҳадафи чорум эълон гашт

Дар Паёми имсола саноатикунонӣ ҳадафи чорум эълон гашт

Дар вохӯрие, ки рӯзи 6 -уми феврал баргузор гашт, муҳимтарин нуктаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди омӯзиш ва баррасӣ карор гирифт.

Мулоқоти мазкурро муовини ректори донишгоҳ оид ба таълим, профессор С.Т. Ибодов ифтитоҳ намуда, аз ҷумла қайд кард, ки дар Паёми навбатӣ Сарвари давлат дар баробари масъалаҳои дигар доир ба соҳаи тандурустӣ дахл намуда, аз ҷумла беҳтар намудани муоширати кормандони тиб бо беморон ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббиро таъкид намудаанд. «Аз ин хотир, ҳар як корманди тиб бояд фаъолияти худро дар доираи муоширати баланди касбӣ ба роҳ монда, барои баланд бардоштани хизматрасониҳои босифати тиббӣ нисбати беморон саъю кӯшиш намоянд» - таъкид сохт С.Т. Ибодов.

Сипас, дар назди ҳозирин мудири бахши ҷавонон ва варзиши ноҳияи Исмоили Сомонӣ Иброҳимзода Амир Мудин ва директори Маркази тамоюл ва иттилоот Абдуллоев Абдулазиз ба сухан баромада муҳимтарин нуктаҳои Паёми Пешвои миллатро шарҳу тафсир доданд. Қайд гардид, ки муҳимтарин вижагии Паёми навбатӣ ин эълон гаштани ҳадафи чоруми Ҳукумати мамлакат мебошад, ки он саноатикунонии кишварро дар давоми солҳои наздик дар бар мегирад. Меҳмонон таъкид намуданд, ки Сарвари давлатамон дар иҷрои ҳадафҳои пешгузоштаашон пеш аз ҳама ба нерӯи ҷавонони кишвар такя менамоянд. Аз ин рӯ, ҳар ҷавони саодатманди кишварро лозим меояд, ки дар ин даврони ободкорию навсозиҳо мавқеи фаъол касб карда, дар бунёди ҷомеаи мутараққию пешрафта саҳмгузор бошанд.

“Ворисони Сино”


1
2
3
07.02.2019     444