Чунин корҳои паст моли мо набуда, балки моли шумо хоинони миллат аст

Абдусалом Одиназода ҳамчун тоҷики бурунмарзӣ барои халқу ватан заррае ҳам хизмат накардааст ва он дар тӯли 50 соли умри хеш ягон вақт шаҳрвандии Тоҷикистонро низ надошт. Номбурда факултети химияи донишгоҳи Новосибирски Федератсияи Руссияро хатм намуда дар онҷо дифоъи рисолаи номзадӣ намудааст, вале ягон мақолаи илмии арзишнок надорад. Абдусалом Одиназода номзади илмҳои химия буда, на танҳо биохимияро нағз намедонад, балки ихтисоси худро низ намедонад ва профессор эълон кардани ӯ худро дуруғ буда, доктори илм ҳам нест.

Абдусалом Одиназода бо навиштани мақолаи доир ба марги Файзинисо Воҳидова дар доираи ғарази шахсӣ нисбат ба ҳукумат ва миллати тоҷик доштааш ибрози нодурусти андеша намуда, мехоҳад бо ҳамин сафсатаи бофтааш ханҷаре ба қалби миллат ва сиёҳие ба номи давлат ва сохторҳои қудратии он занад. Мувофиқ ба маълумоти тиббӣ Файзинисо Воҳидова гирифтори гепатити “В” сиррози ҷигар ва пневмония буда, бинобар сабаби табобати саривақтӣ нагирифтан, ба беморхона афтода, рӯзи 4-уми январи соли равон аз олам даргузаштааст ва заҳролуд шудан аз тарафи мақомоти амнияти миллӣ тӯҳмати ифротиангези бофтаи эшон буда, ба хотири хусумати шахсӣ ба давлати имрӯза баён карда шудааст. Зеро чунин корҳои паст моли мо набуда, балки моли шумо хоинони миллат ва танҳо як маълумоти бе асоси бофтаи ифротии хоинини ифротгаро мебошаду бас. Вале имрӯзҳо баъзе аз шаҳрвандони бесаводу бефарҳанг фирефтаи нафси саркаши хеш гашта ба созмонҳои ифротии фаромиллӣ аъзо мешаванд ва аз номи ин хоинон гап мезананду маълумотҳои маҳз бардурӯғ менависанду аз аъмол ва ҳатто марги пайравони худ истифодаи соҳибғаразона менамоянд.

Бояд зикр намуд, ки дар шароити шиддатёбии ҷаҳонишавӣ ва паҳн гаштани бӯҳрони иқтисодиву молиявӣ ва маънавии умумиҷаҳонӣ тероризм ва экстремизм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам дар тамоми ҷаҳон яке аз падидаҳои хатарнок ба ҳисоб рафта пешгирии он вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як давлату миллат ва ҳар як шаҳрвандони масъулият шинос мебошад, ки он баҳри якпорчагии давлат ва бехатарии миллат равона карда шуда аст.

Раҷабов Г.О.,Директори Маркази таълимӣ – илмӣ ва истеҳсолии “Фарматсия”-и 

ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, доктори илмҳои биология, дотсент


11.01.2019     103