Чорабинии идонаи консертӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ифтитоҳи агрегати якуми НБО-и Роғун

Чорабинии идонаи консертӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ифтитоҳи агрегати якуми НБО-и Роғун

      16-уми ноябри соли 2018 соати 13:00 то 17:00 дар Кохи Амфитетри боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи устод Садриддини Айнӣ чорабинии идонаи консертӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тамошои пахши мустақими Ифтитоҳи агрегати якуми НБО-и Роғун баргузор гардид. Чорабинии мазкур бо суханони табрикотии муовини раиси шаҳри Душанбе Раҳимзода Толиб Карим ва раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Самӣ Шариф Ҳамид оғоз гардид. Сипас то оғози пахши мустақими телевизионии Ифтитоҳи агрегати якуми НБО-и Роғун бо иштироки бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаи консертии идона пешкаши тамошобинон карда шуд. Баъдан тариқи оинаи нилгун рафти пахши мустақими телевизионии Ифтитоҳи агрегати якуми НБО-и Роғунро ҳамаи иштирокчиён тамошо намуданд. Дар ин чорабинӣ аз ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино бо роҳбарии раиси Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯён Саидов И.С. 12 нафар омӯзгорон кафедраҳо ва беш аз 30 нафар донишҷӯён бо шиорҳо дар васфи НБО-и Роғун ва парчамҳои хурди миллӣ фаъолона ширкат варзиданд. Чорабинӣ дар сатҳи баланди идона баргузор гардид, ки аз ин иштирокчиён хушҳолу болида гардиданд.

                                                  

Муовинаи таълим,  

муовинати тарбия ва фарҳанг, 

Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯён



22.11.2018 82