Чорабинии фарҳангӣ - таблиғотӣ

Чорабинии фарҳангӣ - таблиғотӣ

      10-уми ноябри соли 2018 бахшида ба кушодашавии нерӯгоҳи барқи обии Роғун (НБО Роғун) дар кафедраи Бемориҳои кӯдаконаи №1 чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид. Дар оғози чорабинӣ мудири кафедра н.и.т., дотсент Мамадҷонова Г.С. ва ассистенти кафедра Ҳотамова М.Н. оиди ин мавзӯъ суханронӣ намуда қайд намуданд,   рӯзе, ки ҳамагон дер боз интизораш будем, фаро мерасад. 16-уми ноябри соли ҷорӣ саҳифаи наве дар таърихи навини Тоҷикистон боз мегардад. Бо меҳнату машаккатҳои шабонарузии сохтмончиён агрегати аввали НБО Роғун боз мегардад.

      Донишҷӯёни курси 6, гурӯҳи 35 бо маърӯзаҳо баромад карда таъкид намуданд, ки НБО Роғун нерӯгоҳи барқи обии калонтарин дар дарёи Вахш мебошад. Иқтидори лоиҳавии НБО Роғун ба 3600 МВт баробар буда,он аз 6 агрегати 600 МВт ва баландии сарбанди он 335 метр муайян шуда буд. Ин неругоҳ дар ҳолати пурра ба кор даромаданаш дар як сол метавонад 17,1 млрд. кВт соат нерӯи барқ ҳосил кунад.

       Сипас донишҷӯёни гурӯҳи 17 каме аз таърихи сохтмони Неругоҳи Роғун маълумот доданд.

       Дар охир доир ба мавзӯи зикргардида баҳсу мунозира доир гашт.

Кафедраи бемориҳои кӯдаконаи №1

 


15.11.2018     38