Чорабинӣ оид ба масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд

Чорабинӣ оид ба масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд

     Санаи 16-уми октябри соли 2018, чорабинӣ дар бораи Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», дар кафедраи тибби оилавии №2, таҳти роҳбарии ассистенти кафедра Раҳматуллоева З.Р. дар пойгоҳи Маркази саломатии шаҳрии №12 бо иштироки донишҷӯёни курси 5-и факултети тиббӣ, гурӯҳҳои 41,42, 43, 44 ва 45 баргузор гашт. Инчунин, дар чорабинии мазкур мудири кафедра, номзади илмҳои тиб, досент Ёдгорова М.Ҷ, мутасаддӣ оид ба корҳои тарбиявӣ, доктори илмҳои тиб, профессор Умарова З.К., дотсенти кафедра Иномзода Ҷ.И., дотсенти кафедра Носирова М. П, муаллимаи калон Хайдарова С. Ф. ширкат варзиданд.

     Донишҷӯи гурӯҳи 44 Нурхонов Шерафган дар бораи Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» баромад намуд.

     Дар анҷом мутасаддӣ оид ба тарбия доктори илмҳои тиб, профессори кафедра Умарова З. К. миннадории худро ба иштирокчиён баён намуда, иброз дошт, ки чунин чорабинҳо дар кафедра зиёдтар баргузор хоҳанд гашт.

   Рахматуллоева З. Р., ассистенти кафедраи тибби оилавии №2       

                                             


17.10.2018     139