Чорабинӣ дар хобгоҳи №5 бахшида ба “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон”

Чорабинӣ дар хобгоҳи №5  бахшида ба “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон”

12.11. соли 2020 дар толори хониши хобгоҳи №5 бо донишҷӯёни тибқи квотаи Президентӣ таҳсилкунанда вохӯрӣ гузаронида шуд. Муовини декан оид ба тибқи квотаи Президентӣ таҳсилкунандагон Иргашева Ҷамила Зокировна оиди мусоид будани шароитҳои зисту зиндагонӣ дар хобгоҳ, вуҷуд доштани китобхона дар хобгоҳ, ки донишҷӯён ҳама вақт метавонанд аз китобҳои дарсӣ истифода баранд, суханронӣ намуд.

Бо донишҷӯён чорабинӣ бахшида ба “16 ноябр – Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” гузаронида шуд. Раиси шӯрои бонувон Ҳоҷиева Гулнора Бобоевна қайд намуд, ки Асосгузои сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсияти барҷастаи таърихии миллати мо мебошад ва барои ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ саҳми арзандаи худро гузаштааст. Миллатро аз парокандагӣ, аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо намудааст. Созишномаи сулҳ ба имзо расид, ки ин натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзии сарвари давлат буд. Ободии мамлакат, сулҳу субот дар кишвар, озодӣ, нишонаи пешравӣ аст ва мо бояд ба қадри он расем. Ҷавонони саодатманди мо, ки ояндаи миллат ҳастанд, бояд ифтихор кунанд, ки дар чунин мамлакати ҳуқуқбунёд зиндагӣ менамоянд. Хусусан барои донишҷӯёни тибқи квотаи Президентӣ таҳсилкунанда, ки аз ҳама минтақаҳои дурдаст омадаанд, шароитҳои хуб фароҳам оварда шудааст, ки иқдоми неки сарвари давлат мебошад.

 “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои ҳамаи мову шумо муборак бошад, ҳамватанони азиз!

Шӯрои бонувон

Муовини декан тибқи квотаи Президентӣ таҳсилкунандагон


2
1
16.11.2020 96