Чорабинӣ бахшида ба таърихи миллат

Чорабинӣ бахшида ба таърихи миллат

19 ноябри соли 2020 мувофиқи нақша дар толори хониши бинои 6 “шаҳраки Шифобахш” бо донишҷӯёни курси 6-и факултети тиббӣ аз тарафи Шӯрои бонувон бахшида ба “Таърихи тоҷикон ва забони миллат” чорабинӣ гузаронида шуд.

Раиси шӯрои бонувон Ҳоҷиева Гулнора Бобоевна дар бораи таърихи халқи қадимтарини дунё-тоҷикон хотиррасон намуда. Оид ба ин мавзуъ аз китоби Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Забони миллат – ҳастии миллат”, ки марҳилаҳои таърихи густариши забони тоҷикиро аз ибтидои асри IX то асри XX фаро мегирад, мисолҳо овард.

Боиси ифтихор аст, ки ниёгони мо дар тӯли таърихи дуру дароз, дар паҳнои васеи Осиёи Марказӣ нақши бузург бозида, бо қавму миллатҳои ҳамсоя робита барпо намудаанд ва забони тоҷикиро аз тӯфони рӯзгорон ҳимоя карда, онро ҳамчун ганҷинаи беназир ба ояндагон мерос мондаанд. Мо вазифадорем, ки ин ганҷинаро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем, зеро ғояи миллии ҳар як халқ дар забону адабиёт ва фарҳангу ҳунараш ифода меёбад. Дар китоб ҳуҷуми муғул ва оқибатҳои он таҳқиқ шуда, сарнавишти тоҷикон, олимон, нависандагон равшан акс ёфтааст.

Ҳамчунин, Латифзода Фарзона донишҷудухтари курси 6, гуруҳи 51 факултаи тиббӣ дар бораи китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров маълумот дод ва қайд намуд, ки ин китоб бояд дар хонадони ҳар як тоҷик бояд бошад.

Шӯрои бонувон


23.11.2020 136