Чорабинӣ бахшида ба “700-солагии Шайх Камоли Хуҷандӣ”

Чорабинӣ бахшида ба “700-солагии Шайх Камоли Хуҷандӣ”

17.12. соли 2020 дар кафедраи бемориҳои дарунии №3 чорабинӣ бахшида ба “700-солагии Шайх Камоли Хуҷандӣ”, ки тамоми Ҷумҳурии Тоҷикистон онро қайд намуда истодааст, гузаронида шуд.

Дар чорабинӣ аз Муассисаи давлатии таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯлӣ ибни Сино сардори шӯъбаи тарбия Зевар Абдурахмонов, муовини декани тибқи квотаи Президентӣ таҳсилкунанда Ҷамила Иргашева, аз иттифоқи нависандагон, нависандаи маъруфи Тоҷикистон, устод Ӯрун Кӯҳзод иштирок доштанд.

Раиси Шӯрои бонувон Гулнора Ҳоҷиева дар бораи шоири тавоно ва донишманди ирфону адаб Камолиддин Абуаҳмади Муҳаммад маъруф ба Камоли Хуҷандӣ, шайх Камол ё Хоҷа Камол, ки аз зумраи парвардагони Хуҷанди бостонӣ маълумот дода суханҳои бузургонро гуфт: “То забони тоҷикиву шеъри тоҷикӣ побарҷост, мазори ӯ гулборон ва рӯҳаш нурборон хоҳад монд”.

Лаҳзаҳои ҳаёти Камоли Хуҷандӣ аз китоби Пешвои миллат, Эмомали Раҳмон “Забони миллат – ҳастии миллат”, ки раванди ташаккулёбии забони тоҷикӣ асрҳои аср дар он ҷо хеле равшан баён ёфтааст, аз тарафи донишҷӯёни курси 6, гурӯҳи 41 факултети тиббӣ ба саҳна монда шуд. Дар нақши Камоли Хуҷандӣ – Ансорӣ Кабирхон, Ибни Ямин – Худойдодов Ф., Имод Кирмонӣ – Қосимов Шаҳзод, Сабзаи Ҳиротӣ – Воҳидова Мадина, Зулайхои Табрезӣ – Ҷӯраева Таҳмина, Мадинаи Бадахшонӣ – Мамадёрова Мадина бо маҳорату илҳоми зиёд, бо шеърхонию суруд баромад намуданд. Дар бораи Камоли Хуҷандӣ видеоролик дар бораи ҳаёт, фаъолият, хона-музей, мақбараи шоир намоиш дода шуд.

Сардори шӯъбаи тарбия Абдураҳмонов З. ва мудири кафедраи бемориҳои дарунии №3 д.и.т., профессор Мустафоқулова Н.И. ба баромадкунандагон баҳои баланд дода, гуфтанд, ки чорабиниҳои нақшавӣ аз тарафи кафедра доимо дар амал мебошанд. 

Кафедраи бемориҳои дарунии №3

Шӯрои бонувон


18.12.2020 183