Бозиҳои ҳассоси сиёсӣ дар Ховари Миёна

      Дар даврони Ҷанги сард дар Ховари Миёна Иттиҳоди Шӯравӣ аз нуфуз ва эътибори зиёде бархурдор буд ва кишварҳое чун Миср, Ироқ, Сурия, Яман ва Либия, ҷунбиши озодибахши Фаластин ва якчанд гурӯҳҳои хурду бузург муносибати хуби ҳасанаро бо кишвари Русия доштанд. Албатта, ин аз нигоҳи сиёсӣ барои Амрико хушоянд ба назар намерасид. Хусусан, ҳимояти Русия дар Ироқ, барои сохтани давлати демократии Яман, дар Либия ҳимоя аз Муаммар Қаззофӣ ва ғайра Амрикоро ба хашм овард. Амрикоиҳо бо стратегияи махсус ҳамеша дар фикри он буданд, ки чӣ гуна Ховари Миёнаро суқут диҳанд ва ба ҷойи инҳо режимҳои вобастаи Вашингтон ва НАТО-ро эҷод намоянд. Бинобар ин, онҳо ба ҳар васила, бо ташкили кудато ва ғайра мубодилат варзиданд. Дар бархе маврид кудатои ташкилнамудаи онҳо ба шикаст мувоҷеҳ гардид ва дар бархе ҳолатҳо ба комёбиҳо дастёб гардид. Ба ҳар сурат, Амрико ва НАТО дар барномаҳои сиёсии худ дар Ховари Миёна ба сурати давомдор ҳаракат намуданд, то билохира шароит ва фазое ба вуҷуд омад, ки дар он Ироқ вайрону валангор гардид, ҳизби БАЪС ба шикаст мувоҷеҳ шуд, дар Либия Муаммар Қаззофӣ кушта шуд, Сурия ба хок яксон гардид...

     Ҳамчунин, ҳодисаҳои сиёсии Баҳори араб барои пайдо гардидани ҳаракатҳои террористӣ ва экстремистӣ ба монанди ДОИШ ва як силсила гурӯҳҳои дигар сабаб гардид. Ҳодисаҳои “Баҳори араб” чӣ гунае, ки баъзеҳо ба он хушбин буданд, ягон таҳаввули бузургу бунёдиро дар кишварҳои Ховари Миёна ба вуҷуд наоварда, бештар ба сӯйи кишварҳое майл пайдо кард, ки дар гузашта муносибати чандон хуб бо Амрикову НАТО надоштанд, яъне онҳо бештар муносибати хуби ҳасанаро бо Маскав ба роҳ монда буданд. Ҳар чизе, ки дар бораи Баҳори араб дар оғоз замзама мешуд дар охир тамоман шикли дигар гирифта, боиси ба вуҷуд омадани ДОИШ дар ин минтақа гардид. Баҳори араб дар нигоҳи аввал бояд рушд карда, ҳатто то ба кишварҳои Африқо мерафт ва тағйиротҳои ҷидди дар ин кишварҳо ба вуҷуд меовард. Аммо, мутаассифона, чунин нигаронӣ бароварда нашуд. Дар ин росто Амрико ва НАТО тавонистанд гурӯҳҳоро дар ин минтақаҳо ба таври хоса бишносанд ва бинобар ин, барои идомаи бозиҳои сиёсӣ ДОИШ-ро тақвият бахшиданд.

     Вақте ки ҷанг дар Ироқ ва Сурия оғоз шуд, ҳамагӣ дар маҷмуъ фикр менамуданд, ки Ховари Миёна холӣ аз нерӯҳое мешавад, ки мавриди ҳимояи Маскав қарор доранд ва Русия дигар қудрати он Иттиҳоди Шӯравии собиқро надорад ва ҷараёнҳое, ки ба Маскав алоқамандӣ доштанд, чӣ Фаластин, Сурия, Ироқ, Яман ва ғайра аз байн мераванд ва майдони сиёсӣ комилан барои Амрико тоза мегардад. Вале ташкили ДОИШ дар Ироқ, Сурия ва бархе кишварҳои арабии дигар пойи Русияро ба Сурия кашонд ва Русия бори дигар дар ҷанги алайҳи ДОИШ ва ҳимоят аз Башор Асад қудратнамоии бузургеро ба намоиш гузошт ва собит намуд, ки он бардоштҳои НАТО ва Амрико аз Сурия комилан ғалат аст. Ҳанӯз ҳам Русия як қудрати бузург аст ва мошини ҷангиву низомии Русия қодири дифоъ аз мутаҳиддини худ ҳаст.

     Воқеан, дар канори Сурия ва Башор Асад русҳо ибтикороти низомии бузургеро ба харҷ додаанд ва тамоми техникаи низомӣ ва оташи ҷангии худро ба намоиш гузоштанд. Бо ин кор русҳо собит намуданд, ки Русия дар ҳодисаҳои сиёсии замони нав боз ҳам рақиби Амрико ба ҳисоб рафта, маҳбубияти хешро дар кишварҳои Ховари Миёна каму беш дорад. Ба ҳадде ин пешрафтҳо сурат гирифт, ки ҳатто мутаҳиддини наздики ИМА, аз ҷумла пойҳои шоҳи Арабистони Саудӣ, Раиси ҷумҳури Миср ва бархе роҳбарони кишварҳои Ховари Миёнаро ба Маскав кашонид. Ҳатто подшоҳи Арабистони Саудӣ қарордоди бисёр муҳимми низомиро, ки миллардҳо доллари ИМА-ро дар бар мегирифт, бо кишвари Русия имзо намуд. Яъне дар ин авохир мавзеъгирии русҳо дар Ховари Миёна вазъияти сиёсии минтақаро хеле тағйир дод. Бахусус, ҶИЭ ва аҳли шиа дар канори Башор Асад ва Туркия дар канори Русия қарор гирифт ва нуфузи Туркия ҳам дар олами ислом ва Ховари Миёна ва сунниҳо хеле қобили қабул пазируфта шуд. Дар гузашта фикр мешуд, ки сунниҳоро танҳо кишвари Арабистони Саудӣ ҳимоя мекунад ва имрӯз ҷанги Сурия, Ироқ, Яман, Миср ва ғайра нишон дод, ки баъд аз Арабистони саудӣ ва ҳатто баробари Арабистони Саудӣ Туркия низ аз ин нерӯҳо ҳимоя мекунад.

    Дар маҷмуъ, ин гуна бозиҳо вазъиятро дар Ховари Миёна тағйир дод ба ҳадде, ки як навъ умедҳои некро дар кишварҳои Осиёи Миёна ва кишварҳои пасошӯравӣ ба меҳварияти Федератсияи Русия эҷод кард. Наздикии Русия бо ҶХЧ ва эҷоди ШАНХАЙ бо роҳбарии Русия умедвории дигаре буд, ки эътибори Русияро афзӯд ва ҷойгоҳашро дар Осиёи Марказӣ мустаҳкамтар сохт.

    Дар ҷанги Сурия оқибат Амрико ба ин натиҷа расид, ки давлати Башор Асадро аз тариқи низомӣ наметавон суқут дод. Пас, бояд ба воситаи роҳҳои сиёсӣ барои пайдо намудани роҳи ҳал иқдом намуд. Амрико дар ин росто, ба муттаҳидини худ, ки бо шиори демократикунонӣ бо Амрико якҷо ҳамеша садо баланд мекунанд, дар ин масъала низ такя кард. Дар натиҷа, Амрико ба хулоса омад, ки Башор Асад дигар ба ин соддагӣ аз ин бозии сиёсӣ намеравад. Бинобар ин, Амрико барои шикасти Башор Асад роҳ ҷониби кишвари Русия гирифт ва ба натиҷае расид, ки бояд Русия низ барои рафтани Башор Асад кӯмак намояд. Бо ин роҳ дар эҷоди ҳукумати демократии адолатмеҳвар гом гузоштани Амрико то андозае қудрати Амрико ва НАТО-ро заъиф сохта, туби ин бозии сиёсиро ба ҷониби Русия ҳаво дод. Ҳоло туби дар дасти Русия қарор дошта, ҳукумати Башор Асадро аз суқут ва нобудӣ наҷот медиҳад.

    Бояд гуфт, ки дар ин бозиҳо нақши ҶИЭ низ дар канори Русия кам набуда, ҳоло ҶИЭ дар кишварҳои Ироқ, Сурия, Либия, Яман ва ғайра гашту гузори сиёсии худро моҳирона анҷом медиҳад. Бинобар ин, қарор гирифтани Эрон дар паҳлӯи Русия ва зинда шудани аҳли шиа дар Ховари Миёна ва таъмини муносибати дӯстона ва самимонаи Туркия бо Маскав хеле вазъиятро дар Ховари Миёна тағйир дод ва ҳоло бозингари аслӣ дар Ховари Миёна кишвари Русия шинохта шудааст. Сиёсатшиносҳо ва шахсиятҳои асосии Русия аз нуфузи Амрико ва Англия дар Ховари Миёна бисёр хуб огоҳ мебошанд ва бар ин пирӯзиҳои муваққатии хеш мағрур нашуда, хуб медонанд, ки кишвари Исроил низ, ки пуштибони асосии Амрико ва НАТО ба ҳисоб меравад дар Ироқ, Сурия, Яман ва дигар кишварҳои арабӣ то чӣ андоза нуфуз дорад.

    Русҳо дар Ховари Миёна бисёр эҳтиёткорона фаъолият намуда, шефтаи пешрафтҳои худ нестанд. Онҳо талош мекунанд, ки ба ҳимояти дӯстони минтақавӣ ва байналмиллаии худ як вазъиятеро ба вуҷуд биёранд, ки ҳамаҷиҳата манфиат дошта бошад. Алоқамандии Амрико ба як ҳукумати мушорикатӣ аст, ки мехоҳад тарафдорони Башор Асад низ дар он ҳузур дошта, аммо ҳузури худи Башор Асад вуҷуд надошта бошад. Тақрибан, русҳо низ ба ин масъала боварӣ пайдо намудаанд ва ба натиҷае расиданд, ки бояд ҳукуматдории Башор Асад нигоҳ дошта шуда, ба баъзе гурӯҳҳои эътидолгарои минтақа дар интихобот ва давлатдорӣ роҳ кушода гардад. Туркия низ ба ин масъала алоқамандии зиёд дорад ва ба ин масъала Русия эҳтиром гузоштааст. Дар ин росто, русҳо маҷбуранд, то дар баробарои ду гароиш сиёсатеро бояд пиёда намоянд, ки сабаби хафагии дӯстҳояш нагардад. Як гароиш Туркия буда, гароиши дигар Теҳрон аст. Дар ин миён гароиши Теҳрон сахттар аст, нисбат ба гароиши Туркия. Чунки инҷо масъалаи мазҳаб, яъне ҳимоят аз шиамазҳабҳо ва худи Башор Асад мавриди таваҷҷӯҳи ҳамаҷонибаи Теҳрон қарор гирифтааст. Аммо Русия медонад, ки Туркия низ ба ҳайси як қудрати минтақавӣ ва кишвари нуфуздор дар олами ислом, ки имрӯз дӯсти НАТО ва Исроил ба ҳисоб рафта, ба Русия низ зиёд наздик шудааст алоқамандиашро ба Сурия ва хусусан, суннимазҳабҳо эҳтиром намудааст. Биноан, Русия дар як бозии бисёр ҳассос ва бозии бузург дар сатҳи ҷаҳон қарор дорад.  

    Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа


11.12.2018 143