Беҳтарин кафедраи ҳафта эълон шуд

Беҳтарин кафедраи ҳафта эълон шуд

Бо мақсади иҷро намудани нақша- чорабиниҳои муовинати тарбия ҷиҳати баланд бардоштани маърифати сиёсии донишҷӯён, дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани насли ҷавон ва ифтихор аз дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол Шуъбаи тарбия ҳамкориро бо кафедраҳо дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда  истодааст.

Кафедраи эндокринология ҳафтаи гузашта чорабиниҳои маърифатию  сиёсӣ  ва тарбиявиро дар сатҳи баланди ташкилӣ ба роҳ мондааст. Ин масъулиятшиносии кафедра метавонад барои кафедраҳои дигар ҳамчун намунаи ибрат гардад то дар пешбурди корҳои тарбиявӣ  саҳми онҳо низ намоён гардад.

Бояд ёдовар шуд, ки кафедраҳои забонҳои хориҷӣ ва  гистология низ дар пешбурди корҳои тарбиявӣ ба комёбиҳо ноил гардида истодаанд.

Қисми тарбиявии донишгоҳ барои ҳамкории  судманд ва иҷрои софдилонаи вазифаҳои мақсадноки ҲПО-и кафедраҳои зикргардида изҳори миннатдорӣ баён менамояд.

Шуъбаи тарбия


04.11.2020 149