Баргузории силсила Суҳбату вохӯрӣ зери унвони “Сӯҳбати ҳамсол” бо донишҷӯёни МДТ ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар ҳамаи хобгоҳҳо

Тибқи Нақша-чорабиниҳои Шуъбаи кор бо ҷавонон аз 1 – ум то 10 – уми ноябри соли равон дар алоҳидагӣ бо тамоми истиқоматкунандагони ҳаряк ҳуҷраи хобгоҳҳои донишгоҳ оид ба масъалаҳои пешгирии ҷавонон аз омилҳои номатлуб, гаравиши онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, даст назадани онҳо ба ҷинояту ҷинояткорӣ, худдорӣ намудан аз истифода бурдани шабакаҳои иртиҷоии хусусияти ифротӣ ва терористию экстремистӣ дошта, масъалаҳои риояи низому қоидаҳои дохили донишгоҳӣ ва хобгоҳҳои он, ҳифз кардани обрӯ ва эҳтироми донишгоҳ, касбият, қадр кардани устодон - омӯзгорон, ҳифз кардани Ваҳдати миллӣ, сулҳу осоиштагӣ ва зери назари ҳамешагӣ қарор додани ҳаёти сиёсии ҷаҳони муосир суҳбат – вохӯрӣ зери унвони “Сӯҳбати ҳамсол” бо донишҷӯён ба роҳ монда шуд.
Бояд қайд намуд, ки волонтиёрони Шуъбаи кор бо ҷавонон зери роҳбарии мудири шуъба Шарифов Қ.О. доир ба масъалаҳои болозикр бо донишҷӯён сӯҳбату вохӯри гузаронида онҳоро ба вазъи ҷаҳони муосир шинос карданд ва аз эшон даъват ба амал оварданд, ки бояд ба арзишҳои миллӣ ва ваҳдату сулҳу осоиштагӣ арҷгузор бошанд.
Шуъбаи кор бо ҷавонон

18.11.2019 129