Баргузории шанбегӣ дар донишгоҳ

Баргузории шанбегӣ дар донишгоҳ

       Тибқи барқияи Роҳбари дастгоҳи Раиси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе аз 8-уми ноябри соли 2018 оиди баргузор кардани шанбегии умуминоҳиявӣ бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Раҳмон Озода Эмомалӣ ва омодагӣ ба таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гирду атрофи бинои асосӣ ва хобгоҳҳои №1, №2, №5-и донишгоҳ шанбегӣ ташкил ва гузаронида шуд.

         Шанбегӣ рӯзи 10 ноябри соли 2018 аз соати 08:00 то соати 11:00 бо иштироки 84 нафар аъзои раёсат, омӯзгорону кормандон ва зиёда аз 500 нафар донишҷӯёни ҳамаи факултетҳо фориғ аз дарсҳо дастаҷамъона бо иштироки муовини ректор оид ба корҳои хоҷагӣ-маъмурӣ Хокироев Т.З., муовини декан оид ба донишҷӯёни хориҷӣ Ҷабборов А., мутахассиси шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ Тошов Ҳ., мудирону омӯзгорони кафедраҳои физиологияи патологӣ ва тарбияи ҷисмонӣ, коменданти бинои асосӣ Носиров А., кормандони хоҷагидорӣ, комендантону кормандони хобгоҳҳои зикргардида шанбегӣ гузаронида шуд. Дар шанбегӣ гирду атрофи биноҳои асосӣ ва хобгоҳҳои №1, №2, №5-и донишгоҳ, ҷӯйборҳои обгузар, роҳравҳо, кӯчаҳо, гулгаштҳо ва хиёбони Рудакии назди донишгоҳ тозаю озода карда шуданд.


       Қайд кардан лозим аст, ки дар шанбегӣ муовини декан оид ба донишҷӯёни хориҷӣ Ҷабборов А., мутахассиси шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ Тошов Ҳ., омӯзгорони кафедраи тарбияи ҷисмонӣ Мавлонов Б.А. ва Бобоҷонов В.А. фаъолона иштирок карданд.

          Дар оянда низ, шанбегиҳо мунтазам гузаронида мешаванд.

           

            Носиров Қ.Н., сардори Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа, н.и.т., дотсент


12.11.2018     52