Баргузории сӯҳбат-вохӯрӣ вобаста ба роҳҳои пешгирии «СOVID-19»

Баргузории сӯҳбат-вохӯрӣ вобаста ба роҳҳои пешгирии  «СOVID-19»

Тибқи нақша-чорабиниҳои шуъбаи кор бо ҷавонони МДТ «ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино» бо мақсади маълумотнок намудани аҳолӣ доир ба бемории сироятии «СOVID-19» ва вазъияти имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар бозору нақлиётҳои мусофиркааш, ҷойҳои чамъиятӣ, боғҳои фарҳангию фароғатӣ ва саҳни муассисаҳои шахсию давлатӣ ва хиёбонҳои марказии ш. Душанбе бо шаҳрвандону меҳмонони пойтахт дар мавзӯи “Роҳҳои пешгирӣ аз коронавирус, риояи гигиенаи шахсию ҷаъмиятӣ” сӯҳбат-вохӯрӣ баргузор намуд.

Дар доираи чорабинии мазкур волонтиёрони донишгоҳ зери роҳбарии мудири шуъба бо шаҳрвандону меҳмонони пойтахт сӯҳбату вохӯриҳо анҷом дода, доир ба бемории «СOVID-19», сироятёбӣ ва оқибатҳои он, инчунин роҳҳои пешгирӣ аз сироятшавӣ иттилоъ дода, ҳамчунин ниқобҳои тиббӣ ва дастурамалҳои иттилоотӣ оид ба пешгирии «СOVID-19» - ро тақсим карданд, ки ин баҳри баланд бардоштани сатҳи огаҳии мардум ва ҷавонон аз ин беморӣ нақши муҳим мебозад. Бояд зикр намуд, ки шаҳрвандону меҳмонони пойтахт миннатдории худро ба роҳбарияти МДТ «ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино» ва волонтиёрони ихтиёрии он баён намуда, ташкил ва баргузории чунин сӯҳбат-вохӯриҳоро дар шаҳру хиёбонҳои кишвар баҳри додани маълумоти бештар дар бораи бемории сироятии коронавируси навъи «СOVID-19» қайд карданд. Ҳамчунин иброз доштанд, ки чунин иқдом саривақтӣ буда, то андозае нигаронӣ ва ба таҳлука афтидани мардумро нисбат ба ин беморӣ паст менамояд. 

Мудири Шуъбаи кор бо ҷавонон  -  Шарифов Қ. О.


5
4
3
2
1
17.11.2020 100