Баргузории аввалин маҳфили “Мактаби презентаторон”

Баргузории аввалин маҳфили “Мактаби презентаторон”

     Тибқи низомномаи шуъбаи кор бо ҷавонон (бандҳои 2.15 ва 2.24) ҷиҳати таҳсис додани ҷаъмиятҳои донишҷӯён-ҷавонон ба монанди шӯроҳо, маҳфилҳо, мактабҳо ва амсоли онҳо санаи 5-уми декабри соли 2018 дар назди Шуъбаи кор бо ҷавонон бори нахуст “Мактаби презентаторон” ташкил карда шуд, ки он расман дар санаи зикрёфта ба фаъолият шурӯъ намуд.

    Мақсад аз ташкил кардани «Мактаби презентаторон» дар назди Шуъба ба ҳам овардани ҷавонони фаъоли донишгоҳ, вусъат бахшидани фаъолияти фикрронии онҳо ва омӯзонидани тарзи тайёр ва пешкаш намудани презентатсия ба донишҷӯён бо усулҳои навин ва сайқал додани малакаҳои амалии касбии онҳо мебошад. Ин мактаб иттиҳодияи ихтиёрии ҷавонон ба ҳисоб рафта баҳри рушди таҳаммулпазирӣ, маҳорати сухангӯи ва бо презентатсия баромад намудани ҷавонон дар ҷаъмомадҳои илмӣ-фарҳангӣ нақши муҳимро мебозад.


      Бояд қайд намуд, ки дар санаи боло зикр соати 15:00 ҷаъмомади кушодашавии «Мактаби презентаторон» гузаронида шуд, ки дар он профессори кафедараи Физиологияи нормалӣ Шукуров Ф.А., ассистенти кафедраи беморихои кудаконаи №1, Бақоев Фаррух, Олими ҷавон Ғаниев Хуршедҷон, раиси шӯрои занон ва бонувон Ҳоҷиева Г.Б. муовини декан оид ба квота Иргашева Ҷ.З., мудири Шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ Шарифов Қ.О., ва зиёда аз 50 нафар ҷавонони фаъоли донишгоҳ иштирок намуда фикру андешаҳои худро доир ба ин мактаб изҳор намуданд. Инчунин 9-нафар донишҷӯёни аввалин хатмкунандаи мактаби зикр ёфта бо презентатсияҳо баромад намуда, соҳиби дипломҳои хатм гардиданд.

 

Шуъбаи кор бо ҷавонон


17.12.2018     75