Ҷазои тақдир

Сомонаҳои мухолифи давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон хабар доданд, ки Муҳаммадҷон Шехов, писархоҳари Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, ки дар Олмон ба унвони паноҳанда зиндагӣ мекард, дар сини 47-солагӣ дар ғарибӣ аз дунё даргузашт.

           Аламовар аст, ки наздиконаш ҳатто турбати ӯро ба ватан оварда натавонистанд ва тибқи хабарҳои расида ҷанозаи марҳумро рӯзи 14 октябр дар яке аз масҷидҳои ҳамон давлати Олмон баргузор хоҳанд кард. Муҳаммадҷон Шехов, ки худ шахси тақводор буд, яке аз ҳамон ҷавонони гумроҳи солҳои 90-ум маҳсуб меёфт, ки зери ақидаҳои дигарон ба кашмакашҳои сиёсӣ кашида шуда оқибат ҷиноятҳои содиркардааш ӯро ғарибу овора аз зану фарзандонаш зиндаҷудо намуд. Муҳаммадсаид соҳиби 4 фарзанд буд, ки солҳои охир ба дидори онҳо расида наметавонист. Бале, оқибати гумроҳию сабукфикрӣ ҳамин аст. Афсӯс, ки бисёр ҷавонони аз воқеаҳои имрӯзаи сиёсии ҷаҳон ноогоҳ аксар вақт ба осонӣ ба доми фиреби дигарон афтода, оқибат худро шармандаю шармсор ва ғарибу беватан мегардонанд. Тақдири Муҳаммадҷон мисраъҳоеро ба хотир меоранд, ки дар маҳз ҳаққи чунин раҳгумзадагон эҷод гаштаанд:

                 Амири беватан хору залил аст,

                Гадо гар дар Ватан мирад, амир аст.

Саргузашти талхи Муҳаммадҷон Шехов ва ӯ барин сияҳтолеон, ки ба тақдири хеш бо дасти худ хати батлон кашидаанд, бояд барои дигар ҷавонон дарси ибрат бошад. Ҳар нафаре, ки худро фарзанди ин хоку об меҳисобад, бояд барои тенҷию ободии ин сарзамини биҳиштосо, рушду нумуъ ва гул-гулшукуфоии он худро масъул ҳисобад. Бешак, касе, ки ҳамеша бо халқаш асту ҳамроҳи мардуми кишвари азизаш барои ояндаи неки сарзамини авлодии худ сайъу талош менамояд, ҳеҷ гоҳ хору залил намегардад ва баракс гули сари сабади маҳфилу маърака ва ҷамъи дӯстону пайвандон мешавад.

Мабод он рӯзе, ки шахс дур аз Ватан ва ёру наздикон ҷон ба ҳақ супорад. Зеро инро ба ҷуз ҷазои тақдир таври дигаре наметавон фаҳмид!


Нашрияи "Ворисони Сино"


13.10.2018     66