Ҳаёти солим бо варзиш

Ҳаёти солим бо варзиш

Бо ташабуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии “Пайравони Пешвои миллат” мусобиқаҳои варзишӣ оид ба намуди футбол миёни волонтёрони ҳудуди шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Ҳаёти солим бо варзиш” санаи 26-уми октябри соли 2020, Ҷоми “Пайравони Пешвои миллат” бо мақсади ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, рушди варзиш, рушди футбол, рушди фаъолияти волонтёрӣ дар самти тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин мустаҳкам намудани алоқаи дӯстӣ байни волонтёрони ҳудуди шаҳри Душанбе ташкил карда шуд, ки дар он волонтёрони корхонаҳо ва муассисаҳои олию миёнаи ҳудуди шаҳри Душанбе иштирок варзиданд.

Бояд зикр кард, ки дастаи футболи МДТ “ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино” аз ҳисоби волонтёрони назди Шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ ташкил карда шуда, бо дастгирии Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯён бо либосҳои ягонаи варзишӣ таъмин карда шуданд.

Қобили қайд аст, ки дар ҷоми мазкур волонтёрони МДТ “ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино” низ иштирок намуда, вохӯрии аввали худро бо Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур баргузо рнамуданд.

Аз МДТ “ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино” Мудири Шуъбаи кор бо ҷавонон Шарифов Қ.О. ва дастаи футболбозони донишгоҳ аз ҳисоби волонтёрон иштирок намуданд. 

                              Мудири Шуъбаи кор бо ҷавонон -       Шарифов Қ.О.


4
3
2
1
29.10.2020 155