Аёдати кӯдакони бепарастор

Шуъбаи кор бо ҷавонон дар ҳамҷояги бо Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯёни донишгоҳ бо мақсади тарбияи ҳисси раҳму шафқат дар насли ҷавон ва расонидани кӯмак ба ниёзмандон санаи 20 декабри соли 2019, соати 14:30 зери унвони аксияи «Аёдати кӯдакони бепарастор», гуруҳи волонтёрон иборат аз 30 нафар таҳти роҳбарии мудири Шуъба бо кӯдакони синни то мактабии ятиму бепарастори Муассисаи давлатии «Хонаи кӯдакони синни то мактаби»-и №1 шаҳри Душанбе вохӯрї баргузор намуданд.

Бояд қайд намуд, ки донишҷӯён бо баргузор намудани чорабинии солинавӣ ба дилу дидаи ин кӯдакони ниёзманд ҷой гардидаанд, ки аз чеҳраи хандон ва хушҳолии эшон ҳувайдо буд.

Мавриди зикр аст, ки дар ҳакиқат дидан намудан аз чунин марказҳо, суҳбат ва ҳамнишини бо ин зумра кӯдакон барои тарбияи ахлоқии ҷавонон саҳми арзанда мегузорад.

 

Қ.О. Шарифов, мудири Шуъбаи кор бо ҷавонон   


Аёдати кӯдакони бепарастор
Аёдати кӯдакони бепарастор
23.12.2019 240