Ҷавониро далерӣ, зиракию нанг мезебад

Ҷавониро далерӣ, зиракию нанг мезебад

Дар Маркази таълимӣ, илмӣ-клиникии “Стоматология”, кафедраи стоматологияи муолиҷавӣ бо иштироки донишҷӯёни курси 2 гуруҳи 2 бо роҳбарии асистенти ҳамин кафедра Таибов С.А. мизи мудаввар дар мавзӯи “Ҷавониро далерӣ, зиракию нанг мезебад” баргузор гардид. Саидҷонов  П.М. донишҷӯи курси 2-и факултети стоматологӣ бо ишора ба таърихи қадимаи мардуми тоҷик афзуд, ки сарзамини тоҷикон қадимтар аз таърих ва нахустин гаҳвораи тамаддуни башарӣ буда, дорои мардумони хайрхоҳу фарҳангдӯст аст. Айни ҳол, мутобиқи нишондодҳои оморӣ ҷавонони синнашон то 30-сола наздики 70 фисади аҳолии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд. Яке аз мушкилоти умдаи имрӯза тамоюл ва гароиши ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоист.

Хушбахтона, хиради азалии мардум, сиёсати сулҳҷӯёна ва инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки манфиати миллат ва ватанро аз ҳама боло донистаанд, боис гардидааст, ки имрӯз мо дар фазои давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва ягона зиндагӣ дорем.

Дар охири нишаст таъкид гардид, ҳар фарди тоҷикистонӣ вазифадор аст, ки пеш аз ҳама, худаш намунаи ибрат бошад, нангу номуси ватандорӣ дошта бошад, мардуми кишвар ва ҷавононро ба ободу пешрафта гардонидани сарзамини аҷдодӣ ҳидоят намуда, пеши роҳи бегонапарастӣ ва хиёнатро ба манфиатҳои миллат ва давлат гирад, воло будани манфиатҳои миллӣ ва давлатиро пайваста эҳсос карда, ҳамеша ҳушёру зирак ва ватандӯсту меҳанпарвар бошад!

З.Турсунова, Муҳиддинова М. - шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа


3
2
04.09.2020 86