Ҷавондухтарони ҳунарманди донишгоҳ

Ҷавондухтарони ҳунарманди донишгоҳ

     Аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани соли 2018 дар таҳкими соҳаи сайёҳӣ ва ҳунару ҳунармандӣ нақши босазо гузошт. Зеро, мардум ба ҳунарҳои мардумӣ ва рушду эҳёи он бори дигар рӯ овард. Вобаста ба ин, 16-уми октябр дар толори хониши хобгоҳи № 6-и донишгоҳ маҳфили «Ҷавондухтари ҳунарманд» гузаронида шуд.

    Бояд гуфт, ки маҳфили мазкур бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйи кор омада, баргузории он дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии муқими пойтахт ҷараён дорад. Дар маҳфил донишҷӯдухтарони донишгоҳ ҳунарҳои дӯзандагӣ, бофандагӣ, гӯлдӯзӣ, тоқидӯзӣ, рассомӣ, сохтани гулу ороишоти сунъӣ, эҷоди шеър, суруду рақс, омода намудани таъомҳои миллӣ ва ғайраро ба ҳозирин пешкаш намуданд. Намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи рушди саёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар маҳфил ширкат доштанд ба сатҳи ташкили маҳфил ва ҳунарнамоии донишҷӯдухтарони донишгоҳ баҳои баланд доданд.

    Дар натиҷа, донишҷӯйи курси 3-и факултети тиббӣ Анӯш Воҳидова сазовори ҷойи 1-ум ва донишҷӯи курси 4-уми ҳамин факултет Зевар Муродова ба гирифтани ҷойи 2-юм мушарраф гардида, ба даври ниҳоии маҳфил-озмуни «Ҷавондухтари ҳунарманд» даъват шуданд.

     Қобили зикр аст, ки ҷиҳати дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор намудани маҳфил саҳми Шӯрои занон ва духтарони донишгоҳ, шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ ва кормандони хобгоҳи №6 хеле зиёд аст.

Шуъбаи тарбия ва фарҳанг


23.10.2018     38