Ҷашнгирии Соли нав

Ҷашнгирии  Соли нав

    Дар кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдаконаи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар санаи 18. 12. соли 2018 дарси кушод оиди гузаронидани “Ҷашнигирии Соли нав дар тамоми Ҷахон” бо иштироки муаллимони кафедра ва донишҷӯёни гурӯҳхои 62-ум ва 63-уми курси 3-юми факултети тиббӣ гузаронида шуд. Маърӯзаро донишҷӯёни гурӯҳи 63-ум Рабиев Акмал ва Рахимова Рухшона пурмазмун тайёр намуданд.

       Ҷашнигирии Соли нав – ин вақти афсонаи зебои дилписанд буда, дар ҳар як хонадон бо саршавии хунукиҳои зимистона дар охири сол меояд.

 

Арчаи сарзабз ба ноз омада,

Ҳамчун арӯсе, ки ба роз омада.

Ин дили ман бо қадами соли нав,

Пеши руҳат бахри ниёз омада.

 

Соли нав омад, дили худ шод кун,

Хирмани дарду аломат бод кун.

Чеҳра намо то ки фидоят шавам,

Кӯштаи сад нозу адоят шавам.

 

     Ҷашнгирии Соли нав дар Тоҷикистон бо саршавии Ҳокимияти Шуравӣ сар шудааст. То ин лаҳза саршавиии зимистонро тоҷикон аз 21 то 22 декабр ҳамчун шаби дарозтарини сол пешвоз мегирифтанд.

      Ҳозир шаҳрвандони Тоҷикистон ин ҷашни қадимаро дар 31 декабр бо Арча. Барфак ва Бобои барфин пешвоз мегиранд.

      Барои ҳар як кӯдаки тоҷик Бобои барфин бо наберааш Барфак шаби Соли нав меҳмони хоҳишманди онҳо мебошад.

Халқи тоҷик ба нишонаҳо боварӣ доранд. Агар пеш аз Соли нав ҳама он чизҳое, ки кӯҳна ва шикаста шудаанд партоянд, Соли нави омада истодаро хубтар мегузаронанд.

    Дар маркази пойтахт ва ноҳияҳои он арчаҳо ва базмҳои Соли нави барои хӯрсандии кӯдакон ташкил карда шудааст.

      Ҷашнҳои идона дар боғҳои шаҳри Душанбе, алалхусус дар боғи Дӯстӣ арчаи калонтарини зебо ороста шудааст.

 

Соли нав некутарин соле бар ҳар тоҷик бод!

Тифлаку гавҳора бошад хонаором Шумо

То суруди алла бошад шаҳди овои Шумо

Ҳам зи бори ғам нагардад сарви болои Шумо

Дар муҳаббатхонаи дилщо бувад ҷои Шумо

Дар паноҳи сулҳ бошад бахти волои Шумо

Бар Шумо бо ин таманно соли нав табрик бод!

Соли нав некутарин соле ба ҳар тоҷик бод.

 

                Соли нав муборак ҳамдиёрони азиз!

 

Кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдакона

 

 


21.12.2018 124