Ҳар ки хандонад ятими хастаро....

Ҳар ки хандонад ятими хастаро....

          Кафедраи “Фанҳои ҷомеашиносӣ” дар меҳвари сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дастгирии ҳаматарафаи қишри ниёзманди ҷомеа, бахусус ятимон дар арафаи соли нави мелодӣ чорабиниҳои зиёдро рӯи даст гирифта истодааст. Ба ин муносибат санаи 21.12.2018 донишҷӯёни курси якуми факултети тиббӣ (гурӯҳҳои 19 -20) зери роҳбарии куратори гурӯҳ Абдураупова Ҳ.Н. бо чорабинии таҳиякардаи гурӯҳ ва тӯҳфаҳои солинавӣ ба аёдати кӯдакони ятими хонаи кӯдаконаи № 2 ташриф оварданд. Рақсу бозии таҳиянамудаи донишҷӯён барои кӯдакони ятим бори дигар собит намуд, ки ҷавонони кишвар сиёсати давлату ҳукумати мамлакатро ҳаматарафа дастгирӣ намуда, сухани оқилонаи Пешвои миллатро “Ман ҳеҷ гоҳ Шуморо хору зор шудан намемонам..” сармашқи фаъолияти рӯзгори хеш қарор додаанд. Чорабинии фарҳангӣ дар сатҳи баланди ташкилотчигӣ доир гардида дар дунёи рангини кӯдакон ворид гардид.

 

 Кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ


22.12.2018 108