Ҳар ки хандонад ятими хастаро...

Ҳар ки хандонад ятими хастаро...

         Асосгзори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои Миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои худ аз мардуми кишвари азизамон даъват ба амал оварданд, ки ба ятимону бепарасторон дасти шафқат дароз кунанд. Чунин даъват ва ҳидоятҳои инсондӯстонаи Пешвои миллатро мо дар низ дастгирӣ намуда ба ин муассиса ташриф овардем.

          Чунончи Пешвои муаззами миллатамон дар яке аз суханрониҳои худ гуфта буданд: “Ман чунин меҳисобам, ки дасти сахо доштан яке аз беҳтарин хислатҳои неки инсонӣ буда, дар тарғиби ғояҳои инсондӯстӣ, ҷавонмардӣ ва саховатпешагӣ дар байни ҷомеа нақши бузург мебозад”. 

           Ин аст, ки дар адабиёти классикии мо низ ба ин масъалаи муҳим бо такя ба манобеи асили шаръӣ ишораҳои нозукеро вохӯрдан мумкин аст. Чунончи:

Чу бинӣ ятиме сарафканда пеш,

 Мадеҳ бӯса бар рӯи фарзанди хеш.

Ало то нагиряд, ки Арши Аъзим,

Биларзад ҳаме чун бигиряд ятим!      

         Деканати факултети тиббӣ тасмим гирифтанд, ки санаи 17 декабри соли ҷорӣ дар арафаи Соли нави милодии 2019 ба аёдати ятимону бепарасторони Муассисаи давлатии “ Хонаи бачагони №2” ш.Душанбе ташриф оваранд. Муовинони декани факултет Бурҳонова З.У. ва СатторовД.Қ. бо як гуруҳ донишҷӯёни курсҳои 1-2 ба хонаи кӯдакон омада, бо онҳо рақсу бозӣ намуда тӯҳфаҳои солинавӣ тақдим карданд. Хурсандии кӯдакон ҳадду канор надошт.


Ҷ.Қ. Муҳаббатов, декани факултети тиббӣ, д.и.т., профессор 



24.12.2018     95