Ҷамъомади тарбиявӣ бахшида ба 74-солагии рӯзи Ғалаба дар Маркази омодагии қаблӣ

Ҷамъомади  тарбиявӣ бахшида ба 74-солагии  рӯзи  Ғалаба  дар Маркази омодагии қаблӣ

 Рӯзи 8-май дар Маркази омодагии қаблӣ бахшида ба 74 солагии рӯзи Ғалаба бо иштироки васеъи шунавандагон ва омӯзгорон ҷамъомади судманди тарбиявӣ гузаронида шуд. Дар ҷамъомад омӯгорони фанни таърих н.и.т дотсент Фозилова М.З. ва омӯзгори калон Иброҳимов Ҳ.К дар бораи қаҳрамониҳои ҷавонписарони тоҷик дар ҶБВ маърузаи судманди тарбиявӣ карданд. Онҳо аз ҷумла қайд намуданд, ки таърих ва башарият чунин ҷанги хонумонсӯзро ёд надорад. Танҳо соли 1943 аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гуруснагони Ленинград ду ҳазору ду саду бисту панҷ сум, пул, қариб 130 тонна ғалла, 130 тонна сабзавот, 80 тонна меваи тару хушк, 2250 сар чорво фиристонида буд. Яъне мо бояд аз қаҳрамонҳо қаҳрамонӣ омӯзем.

Дар охир таъкидҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмашон пешкаши шунавандагон гардонда шуд: ”Дар шароити ҷаҳони пурҳаводиси муосир муҳим аст ҷавонон мисли солҳои 90-уми асри ХХ фирефтаи таблиғоти неруҳои ифротгароии хурофотҳои динӣ ва бадхоҳони миллати тоҷик нагарданд, ҳамеша зираку ҳушёр ва барои ҳимояи манфиатҳои халқи тоҷик ва давлати тоҷикон омода бошанд.

Таъкид гардид, ки вазъи сайёра дар ду-се соли оянда боз ҳам мураккаб мегардад ва ҳар як фарди ватандӯст бояд дар ҳифзи марзу буми Ватан, таъмини амнияти давлат ва оромиву суботи ҷомеа бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ ҳамкорӣ намояд.

Қайд гардид, ки кӯшишҳои азнавтақсимкунии ҷаҳон, мусаллаҳшавии бошитоб, қудратталабӣ, бархӯрди манфиатҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва ҷиноятҳои киберӣ торафт шиддат гирифта, ҷаҳонро ба марҳалаи нави ҷанги сард кашонидаанд ва имрӯз баъзе сиёсатмадорону коршиносон ҳатто доир ба хатари ҷанги сеюми ҷаҳон ҳарф мезананд. Ин вазъият самаранокии мубориза бо хатару таҳдидҳои замони муосирро, ки ҳамдигарфаҳмӣ ва талошҳои муштараки ҳамаи кишварҳои ҷаҳонро тақозо менамояд, баръакс, боиси пуштибонӣ ёфтани гурӯҳҳои террористиву ифротгаро аз ҷониби баъзе доираҳо ва истифодаи ин неруҳои даҳшатнок ба муқобили минтақаву давлатҳои алоҳида мегардад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эътирофи нақши калидӣ ва ҳамоҳангсози СММ ва ниҳодҳои дахлдори он Стратегияи ҷаҳонии созмонро оид ба мубориза алайҳи терроризм ва конвенсияҳои зиддитеррористии он, қатъномаҳои Шӯрои амният ва Маҷмаи умумиро асоси муборизаи муштарак бо терроризму ифротгаройӣ дониста, омодагии худро ҷиҳати тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар ин арса изҳор менамояд. Тоҷикистон дар самти муборизаи самарабахш бар зидди хатару таҳдидҳои замони муосир, шарики табиии ҳамаи давлатҳои дунё ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ бо

Таъкид карда шуд, ки танҳо саъю талоши софдилона, ҳисси масъулият дар назди халқу Ватан ва иқдоми ташаббусҳои созанда моро ба ҳадафҳои муайяннамудаамон наздик мекунанд”.

Маркази омодагии қаблӣ


11.05.2019     20