Ҳамоиши ҷумҳуриявии ятимони кулл таҳти унвони «Пешвои миллат рамзи иттиҳоду сарҷамъӣ ва саодату осудагии мо ҷавонон»

Ҳамоиши ҷумҳуриявии ятимони кулл таҳти унвони «Пешвои миллат рамзи иттиҳоду сарҷамъӣ ва саодату осудагии мо ҷавонон»

     13 ноябри соли 2018, соати 9:00 дар толори барҳавои Муассисаи давлати «Душанбе плаза» Ҳамоиши ҷумҳуриявии ятимони кулл таҳти унвони «Пешвои миллат рамзи иттиҳоду сарҷамъӣ ва саодату осудагии мо ҷавонон» бо иштироки Раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам, баргузор гардид. Дар ҳамоиши мазкур муҳтарам Аҳтам Рустам сухаронӣ карда, доир ба дастовардҳои даврони истиқлолият ва иштироки фаъолонаи ҷавонон дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишвар ибрози андеша намуд. Зикр шуд, ки дар ҷумҳурии мо 42000 нафар ятим ба қайд гирафта шудааст, ки барои нигоҳубини онҳо дар тамоми манотиқи кишвар ҳудуди 77 ятимхонаҳо сохта ба истифода дода шудаанд. Дар ин ятимхонаҳо ятимон дар беҳтарин шароит ва меҳру муҳаббати беандоза нигоҳубин шуда, аз афсурдагиву ғам дур ҳастанд. Маҳз сиёсати ятимпарваронаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки онҳо зарае дарди бекасию танҳоиро эҳсос намекунанд.


     Дар ҳамоиш ҳамагӣ 150 нафар ятимони кулл, ки дар соли таҳсили 2018-2019 бо имтиёз ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии шаҳри Душанбе дохил гардиданд, иштирок доштанд. Аз ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино 33 нафар донишҷӯён-ятимони кулли курсҳои 1-уми ҳамаи факултетҳо иштирок  доштанд. Раёсати Кумитаи ҷавонон ва варзиш ҳамаи ятимони куллро бо мақсади баланд бардоштани руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ, ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифта ва ғамхориҳои падаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон, дастуру ҳидоятҳо карданд. Инчунин, ҳамаи ятимони кулли ҳузурдоштаро ба курсҳои ройгони забономӯзӣ, дӯзандагӣ, қаннодӣ-и назди Кумитаи мазкур даъват намуданд. Дар охири ҳамоиш ба иштирокчиён (ятимони кулл) тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд. Пас аз анҷом тамоми иштирокчиёни ҳамоишро бо таври ройгон ба Осорхонаи миллӣ барои шиносои аз таъриху тамаддуни миллати тоҷик, даъват намуданд.

  Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯён


16.11.2018     44