Ҷаласаи навбатии Шӯрои донишҷӯёни донишгоҳ

Ҷаласаи навбатии Шӯрои донишҷӯёни донишгоҳ
Ба иттилои Шумо мерасонем, ки дар назди Шуъбаи кор бо ҷавонон Шӯрои донишҷӯёни донишгоҳ фаъолият менамояд, ки санаи 19-уми феврали соли 2020 дар толори №6-и бинои навӣ таълимӣ ҷаласаи навбатии Шӯрои донишҷӯёни донишгоҳ бо иштироки мудири Шуъбаи кор бо ҷавонон, муовинони деканҳо, сардорони курсу гурӯҳҳои тамомии факултетҳо ва зиёда аз 200-нафар донишҷӯён баргузор гардид. Бояд зикр намуд, ки ҷаласаи мазкурро мудири Шуъбаи кор бо ҷавонон Шарифов Қ.О. ҳусни оғоз бахшида оид ба самтҳои фаъолияти Шӯрои донишҷӯён дар донишгоҳ суханрони карда мақсади ташкил ва вусъатдодани ҷамъиятҳои донишҷӯёнро дар донишгоҳ ба ҳозирин шарҳ доданд.
Ҳамзамон дар ҷаласа раиси Шӯрои донишҷӯён низ баромад, намуда бо донишҷӯён оид ба самтҳои фаъолияти шӯро саволу ҷавоб карда аз онҳо даъват ба амал овард, ки ба Шӯрои донишҷӯён аъзо шаванд.
Мавриди зикр аст, ки дар ҷаласа нақша-чорабиниҳои Шӯрои донишҷӯён ва самтҳои фаъолияти он дар соли 2020 масъалагузори гардида, тасдиқ карда шуд.
Шуъбаи кор бо ҷавонон

Ҷаласаи навбатии Шӯрои донишҷӯёни донишгоҳ
Ҷаласаи навбатии Шӯрои донишҷӯёни донишгоҳ
Ҷаласаи навбатии Шӯрои донишҷӯёни донишгоҳ
Ҷаласаи навбатии Шӯрои донишҷӯёни донишгоҳ
20.02.2020 241