Ҷаласаи навбатии маҳфил

Ҷаласаи навбатии маҳфил
6-уми марти соли 2020 дар толори №4-и бинои нави таълимӣ ҷаласаи навбатии маҳфили «Avicenna Debate Club» дар мавзӯи «Пайванди узвҳо ва масъалаҳои ҳуқуқӣ ва этикии марбут ба он» баргузор гардид.
Дар маҳфили имрӯза, беш аз 25 нафар донишҷӯён фаъолона ширкат варзиданд. Мавзӯи баррасишаванда аз ҷониби 16 нафар донишҷӯёни фаъол бо тариқи 8 даста бо сарварии донишҷӯи курси 5-уми факултети тиббӣ Парпиев Комрон ба таври баҳс миёни дастаҳо гузаронида шуд.
Ҳамзамон, баъди баҳсу мунозира дар атрофи мавзӯи баррасишаванда саволу ҷавоб баргузор гардид, ки ба саволҳои иштирокчиён ҷавобҳои возеҳу равшан қаноатбахш гардониданд.
Зикр кардан бамаврид аст, ки мавзӯи имрӯзаи маҳфил иштирокчиёнро бо масъалаҳои нозуки пайванди узвҳо аз дидгоҳи ҳуқуқӣ ва этикӣ шинос намуд.
Шуъбаи кор бо ҷавонон

Ҷаласаи навбатии маҳфил
Ҷаласаи навбатии маҳфил
Ҷаласаи навбатии маҳфил
Ҷаласаи навбатии маҳфил
11.03.2020 168