Ҷаласаи кураторони факултет

Ҷаласаи кураторони факултет

Дар санаи 26-уми октябри соли 2018 бо роҳбарии ҷонишини декан, саркуратори факултет Фузайлова М.С. ҷаласаи навбатии кураторони факултети педиатрӣ гузаронида шуд. Мувофиқи нақшаи ҷаласа чунин масъалаҳоро дида баромаданд:

1.     Ҳисоботи фаъолияти Шӯрои кураторони факултет дар соли таҳсили 2018-2019

2.     Ахборот оиди тақсимоти соатҳои кураторӣ ва тарбиявӣ

3.     Тасдиқи нақша ва аъзоёни Шӯрои кураторон

4.     Назорати риояи «Дастурамали либосҳои тавсиявии донишҷӯён» ва қоидаҳои тартиботи дохилидонишгоҳӣ

Дар ҷаласа намояндагони 12 кафедраи тобеи факултет иштирок намуданд. Дар охир намояндагони кафедраҳо оиди масъалаҳои баррасишуда фикру мулоҳизаҳои худро баён намуданд.

 

Деканати факултети педиатрӣ


29.10.2018     36