Ҷаласаи комиссияи байникафедравии экспертӣ-проблемавии умумитаълимии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино

Ҷаласаи  комиссияи  байникафедравии экспертӣ-проблемавии  умумитаълимии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино

     9 ноябри соли 2018 дар кафедраи забони русӣ ҷаласаи комиссияи байникафедравии экспертӣ-проблемавии умумитаълимӣ бо кафедраи забони русӣ ва кафедраи биология ва асосҳои генетикаи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино доир гардид, ки дар он ҳузур доштанд: раиси комиссияи байникафедравии экспертӣ-проблемавии умумитаълимӣ д.и.ф., профессор Д.С.Шерматов, мудири кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ, д.и.ф., профессор А.С.Саидов, мудири кафедраи забони русӣ д.и.п., профессор У.Р.Юлдошев, мудири кафедраи забони тоҷикӣ д.и.ф., профессор Х.О. Қосимов, аъзои комиссияи байникафедравии экспертӣ-проблемавии умумитаълимӣ, мудири кафедраи забони англисӣ, н.и.п., дотсент З.А.Муҳаммадиева, мудири кафедраи биология ва асосҳои генетика, н.ф.б., дотсент М.Ё.Холбеков, мудири кафедраи кимиёи биоорганикӣ, н.и.х., дотсент И.У. Файзилов, директори маркази омодагии қаблӣ, н.ф.х., дотсент Р.С. Қиматов, инчунин устодони кафедраи забони русӣ: дотсентон М.Р.Назарова ва З.С.Самадова, устодони калон Ҳ.И.Хайрова ва С.А. Ҳотамова; устодон: М.А.Холматова, З.И.Шарипова, Ш.Б.Баҳромӣ, О.А.Лысых, Д.Х.Султонова, Н.Ш.Алиева, Х.А. Халимова.

         Масъалаи аввали тарҳи рӯз муҳокима ва тасдиқ намудани мавзӯи рисолаҳои номзадии устодони кафедраи забони русии ДДТТ: Ш.Б.Баҳромӣ, О.А.Лысых, Д.Х.Султонова, Н.Ш.Алиева, Х.А. Халимова буд.

Масъалаи дуюм муҳокима ва тасдиқи мавзӯи корҳои илмӣ-тадқиқотии кафедраи биология ва асосҳои генетика барои солҳои 2019-2023 «Доруҳои зиддипаразитарӣ: муайян намудани фоиданокӣ ва таъсири онҳо ба функсияҳои физиологии организми одам ва хайвонот».

     Масъалаи сеюм муҳокима ва тасдиқи мавзӯи кори илмии ассистенти кафедраи биология ва асосҳои генетика Абдуллоев Д.А.          «Хусусиятҳои биоэкологии ҷинси Quequs ва истифодабарии он дар Тоҷикистон».

     Аз рӯи масъалаи якум раиси комиссияи байникафедравии экспертӣ-проблемавии умумитаълимӣ, профессор Д.С.Шерматов баромад намуда, аъзоёни комиссияро бо мавзӯъҳои рисолаҳои номзадии устодони кафедраи забони русӣ шинос намуд:

Н.Ш.Алиева – «Рушди нутқи касбии русии донишҷӯёни донишгоҳҳои тиббӣ дар асоси маводҳои матнҳои илмӣ»,

Ш.Б.Баҳромӣ – «Мукамалгардонии усули таълими намудҳои феъл дар дарсҳои забони русӣ»,

Д.Х.Султонова – «Тарбияи маънавии донишҷӯёни донишгоҳҳои тиббӣ дар асоси матнҳои адабиёти рус»,

О.А.Лысых – « Мукамалгардонии усули таълими нутқи шифоҳии касбӣ дар дарсҳои забони русӣ дар донишгоҳҳои ғайрифилологӣ дар асоси технологияҳои инноватсионӣ».

Х.А. Ҳалимова – « Тартиби азхудкунии антонимияи луғавӣ хамчун омили рушди нутқ дар забонҳои русӣ ва тоҷикӣ»/

     Комиссия шарҳи   мухтасари мавзӯъҳои рисолаҳои устодони дар боло зикршударо шунид. Аъзоёни комиссия ва устодони дигари кафедра ба унвонҷӯён саволҳо доданд, ки эшон ба ин саволҳо посух доданд.

     Баъд аз ин раиси комиссия, профессор Д.С.Шерматов суханашро давом дод. Қайд гардид, ки хурсандиовар аст ки таҳти роҳбарии мудири кафедра д.и.п., профессор, У.Р.Юлдошев    кормандони кафедраи забони русӣ корҳои таълимӣ-методӣ ва илмӣ-тадқиқотиро анҷом медиҳанд.

     Ман шахсан ӯро ҳамчун мутахассиси варзида   дар соҳаи методикаи таълими забони русӣ дар Тоҷикистон мешиносам, ӯ хамчун профессор солҳои дароз аъзои Шӯрои диссертатсионӣ оид ба ҳимояи рисолаҳои докторӣ ва номзадии ДДОТ ба номи С.Айнӣ ва оид ба ҳимояи рисолаҳои докторӣ ва номзадии Пажӯҳишгоҳи илмҳои тадкиқотии АТТ(Академияи таҳсилоти Тоҷикистон) ва аъзои Шӯрои диссертатсионӣ буд. Ва солҳои 2004, 2011 ҳамчун котиби илмии Шӯрои рисолаҳои докторӣ ва номзадӣ фаъолият дошт. Таҳти роҳбарии ӯ 8 нафар аспиранту унвонҷӯ рисолаи номзадӣ ҳимоя кардаанд.

    Ҳоло ӯ аъзои Шӯрои диссертатсионӣ оид ба ҳимояи рисолаҳои докторӣ ва номзадии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон ва аъзои Шӯрои диссертатсионӣ оид ба ҳимояи рисолаҳои докторӣ ва номзадии ДДОТ ба номи С.Айнӣ ва аз 16 апрели 2010 аъзои ҳақиқии Академияи илмҳои педагогӣ ва иҷтимоии Федератсияи Россия мебошад.

     Баъд аз ин сухан ба мудири кафедраи забони русӣ, д.и.п., профессор У.Р.Юлдошев дода шуд.

    Ӯ қайд намуд,ки ҳоло дар кафедраи забони русии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино устодони варзидаи соҳаи забони русӣ, омӯзгорон, методистони бомаҳорати ҷумҳурӣ, ки обрӯю эътибори калон доранд, олимони намоёни ботаҷриба фаъолият доранд, аз ҷумла: дар байни онҳо номзади илмҳои педагогӣ, дотсент М.Р. Назарова, номзади илмҳои филологӣ, дотсент З.С. Самадова, номзадҳои илмҳои педагогӣ Т.М. Абдуллаева, Г.М. Бахриддинова, корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муаллимаи калон В.А. Должикова, муаллимони калон Х.И. Хайрова, С.А. Ҳотамова ва дигарон мебошанд.

Айни замон дар кафедра фаъолияти таълимию методӣ ва илмию тадқиқотӣ хуб ба роҳ монда шудааст.

    Устодони   кафедра кори пурмаҳсули худро дар мавзӯи асосии илмӣ-тадқиқотии «Такмили усулҳои муосири инкишофи нутқи русии касбии донишҷӯёни тиб бо истифодаи воситаи инноватсионӣ дар шароити дузабонии точикӣ-русӣ» давом дода истодаанд.

Натиҷаҳои фаъолияти илмӣ–тадқиқотии устодони кафедра дар шакли мақолаҳои илмӣ, тезисҳо нашр гардидааст, устодони кафедра инчунин дар конференсияҳои илмии ҷумҳуриявию байналмилалӣ, конгрессҳо маърӯзаҳо намудаанд.

     Ҳаминро бояд қайд кард, ки солҳои охир устодони кафедра зиёда аз 273 номгӯй китобҳои дарсӣ, тавсияҳои методӣ, мақолаю фишурдаҳои илмиро рӯи чоп овардаанд. Чунончи, 1- монография, 3- китоб, 8- китобҳои дарсӣ, 7 – дастури таълимию методӣ, зиёда аз 29 барномаҳои таълимӣ ва 19 силлабус   аз методикаи таълими забони русӣ барои мактабҳои олии Тоҷикистон, 149-мақола, 38 тезису маърӯзаҳо интишор ёфтаанд. Инчунин 19 мақола дар рӯзномаҳои даврӣ оид ба тарбияи ахлоқию маънавии донишҷӯёни мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр шудаанд.

       Қобили зикр аст, ки дар солҳои мавҷудияти кафедра аз тарафи устодони кафедраи забони русӣ 4 рисолаи номзадӣ ҳимоя карда шуданд: Р.П. Черенкова «Роҳҳои мукаммалгардонии захираи луғавии донишҷӯёни тоҷик дар машғулиятҳои амалии забони русӣ» (Душанбе, с. 1971); Л.Н. Заретская «Ташаккулёбии хусусиятҳои ахлоқии донишҷӯён дар раванди омӯзиши забони русӣ дар гӯруҳҳои миллӣ» (Душанбе, с. 1972); Ахмедова Р.К. «Мукаммалгардонии малакаи нутқи русии донишҷӯёни тоҷик ҳангоми кор бо муродифоти синтаксисӣ» (Тошкент, с. 1988); У.Р. Юлдошев «Дузабонии тоҷикӣ-русӣ ҳамчун шарти тайёрии касбии   донишҷӯёни тиб дар макотиби олии Тоҷикистон» (Маскав, с. 2000). Соли 2012 зери роҳбарии ман устоди кафедра Абдуллоева Т.М. дар ДДОТ ба номи С.Айнӣ рисолаи номзадӣ ҳимоя намуд ва сазовори унвони номзади илмҳои педагогӣ гардид


      Имрӯз хурсандиовар аст,ки устодони кафедраи мо Н.Ш. Алиева, Ш.Б. Бахромӣ, О.А. Лысых, Д.Х. Султанова, Х.М.Халимова ки солҳои дароз дар кафедраи мо фаълолият менамоянду корҳои илмию тадқиқотӣ мекунанд, мавзӯъҳои илмии диссертатсионии худро барои тасдиқ ҳамчун унвонҷӯи кафедраи забони русӣ пешниҳод намудаанд.

      Дар охири сухан ман, ҳамчун роҳбари кафедра шумоёнро бо тасдиқи мавзӯъҳои номзадиатон табрик мегӯям,   барои тезтар иҷро намудани нақшаҳои фаъолияти илмии тадқиқотиатон комъёбиҳо мехоҳам ва барои зудтар анҷом ёфтани корҳоятон бурдбориҳо таманно дорам.

       Баъд аз ин профессор Д.С. Шерматов суханро ба мудири кафедраи биология ва асосҳои генетика, н.и.б., дотсент М.Ё.Холбеков дод, ки хозиринро бо шарҳи   мухтасари мавзӯи илмӣ-тадқиқотии кафедра барои солҳои 2019-2023 «Доруҳои зиддипаразитарӣ: муайян намудани фоиданокӣ ва таъсири онҳо ба функсияҳои физиологии организми одам ва хайвонот» шинос намуд.

      Аз рӯи масъалаи сеюм сухан ба ассистенти кафедраи биологияи тиббӣ ва асосҳои генетика Абдуллоев Д.А. дода шуд, ки дар назди аъзоёни комиссия бо шарҳи мухтасари кори илмии худ «Хусусиятҳои биоэкологии ҷинси Quequs ва истифодабарии он дар Тоҷикистон» баромад кард. Ба ӯ низ саволҳо дода шуданд, ки ба онҳо ҷавобҳои пурра дод.

Комиссия қарор қабул кард:

     Аз рӯи масъалаи якум мавзӯи рисолаҳои номзадии устодони кафедраи забони русӣ тасдиқ карда шаванд. Роҳбари илмии онҳо доктори илмҳои педагогӣ, профессор У.Р. Юлдошев таъин карда шавад.

     Аз рӯи масъалаи дуюм мавзӯи илмӣ-тадқиқотии кафедраи биология тиббӣ ва асосҳои генетика «Доруҳои зиддипаразитарӣ: муайян намудани фоиданокӣ ва таъсири онҳо ба функсияҳои физиологии организми одам ва ҳайвонот» барои солҳои 2019-2023 тасдиқ карда шавад.

   Аз рӯи масъалаи сеюм мавзӯи илмӣ ассистенти кафедраи биология тиббӣ ва асосҳои генетика Абдуллоев Д.А. «Хусусиятҳои биоэкологии ҷинси Quequs ва истифодабарии он дар Тоҷикистон» тасдиқ карда шавад. Роҳбари илмӣ доктори илмҳои биологӣ М.Ё.Холбеков таъин карда шавад.

     Баъд аз ин аъзои комиссияи байникафедравии экспертӣ-проблемавии умумитаълимӣ д.и.ф. , профессор А.С.Саидов баромад карда, унвонҷӯёнро роҳнамоӣ намуда,   изҳор кард.

     Шумоён, муҳтарам омӯзгорони номбаршудаи кафедраи забони русӣ баъди тасдиқи мавзӯъҳои диссертатсионии худ ҳамчун омӯзгор-унвонҷӯй ба ҳисоб меравед. Шумоён бояд донед, ки унвонҷӯӣ –ин як намуди шарти тайёрӣ барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илм бе таҳсили давраи аспирантураи рисолаи илмӣ, ё ки берун аз таҳсил, ғоибона кори илмиро менависанд.

    Роҳбарони илмии унвоҷӯён, чун анъана аз тарафи докторони илм ва профессорон таъин карда мешаванд. Барои ҳамин шумоён дар давоми ду моҳ барои тасдиқ нақшаи кории бо ҳамроҳии роҳбари илмӣ тартибдодашударо пешниҳод менамоед. Нақшаи инфиродии илмӣ ва мавзӯи рисола дар ҷаласаи кафедра тасдиқ карда мешаванд. Шумоён ҳамчун унвонҷӯён бояд дар вақти аз рӯи нақша таъиншуда аз натиҷаи кори рисолаатон дар ҷаласаҳои кафедра ҳар сол ҳисобот пешниҳод намоед ва аз аттестатсияи кафедра гузаред.

   Дар охири ҷаласа онро ҷамъбаст намуда, раиси комиссияи байникафедравии экспертӣ-проблемавии умумитаълимӣ, профессор Д.С.Шерматов умедворӣ баён намуд, ки устодони кафедраи забони русие, ки имрӯз мавзӯъҳои рисолаҳои номзадиашонро пешниҳод намуданд, кушиш ба харҷ медиҳанд, ки дар ояндаи наздик корҳои тадқиқотии худро анҷом дода, рисолаҳоро ба химоя пешниҳод менамоянд. Дар охири сухан шумоёнро бо тасдиқи мавзӯъҳои номзадиатон табрик мегӯям ва барои тезтар иҷро намудани нақшаҳои фаъолияти илмии тадқиқотиатон комъёбиҳо мехоҳам.

С.А. Хотамова ва М.К. Шодиматова, омӯзгорони калони кафедраи забони русӣ



15.11.2018     91