Ҳадяи наврӯзӣ ба Шифохонаи шаҳрии парастории

Ҳадяи наврӯзӣ ба Шифохонаи шаҳрии парастории
Дар арафаи ҷашни Наврӯзи хуҷастапай бо дастгирии роҳбарияти донишгоҳ муовинати тарбия ва зерсохторҳои он Шуъбаи кор бо ҷавонон ва Шуъбаи фарҳанг тасмим гирифтанд, ки ба дидорбинии ин афроди ҷомеа раванд.
Ба ҳамин, хотир санаи 17.03.2020 бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби Шуъбаи кор бо ҷавонон бо волонтиёронаш дар якҷоягӣ бо Шуъбаи фарҳанг ва аъзои дастаи ҳунарии «Шифо»-и донишгоҳ дар МД Шифохонаи шаҳрии парастории ҳамшираҳои шафқати воқеъ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт буда як чорабинии фарҳангии басо ҷолиб ва хотирмони наврӯзӣ баргузор гардид.
Сараввал, роҳбарияти муассиса миннатдории худро ба ташкилкунандагони ин базми наврӯзӣ, хусусан ба ректори донишгоҳ муҳтарам Гулзода М.Қ. баён сохта, ҳамаи ҳозиринро хушомадед гуфтанд.
Сипас, ровиён чорабинии фарҳангӣ-фароғатиро оғоз намуданд. Пас аз ба саҳна баромадани Маликаи наврӯз ва қироати порчаҳои шеърӣ аз ҷониби волонтиёрони Шуъбаи кор бо ҷавонон аъзои дастаи «Шифо»- Аҳмадзода Суҳбат, Отабоева Моҳнура ва Раҷабова Юля бо барномаи хуби фарҳангии худ, ки саропо суруду рақсҳои ҷадидро фарогир буд, тавонистанд хотири ҷамъомадагон, ба хусус маъюбону пиронсолони ин бошишгоҳро шод намоянд. Зери таронаҳои марғуб аҳли ҷамъомада ба рақс омадаю хурсандӣ менамуданд.
Ин чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ ба бошандагони муассиса руҳу илҳоми тоза бахшида, он таҳти мусиқии фораму ҷаззоб ва хурсандию хушҳолии ҳозирин анҷом пазируфт.
Шуъбаи фарҳанг

Ҳадяи наврӯзӣ ба Шифохонаи шаҳрии парастории
Ҳадяи наврӯзӣ ба Шифохонаи шаҳрии парастории
Ҳадяи наврӯзӣ ба Шифохонаи шаҳрии парастории
Ҳадяи наврӯзӣ ба Шифохонаи шаҳрии парастории
Ҳадяи наврӯзӣ ба Шифохонаи шаҳрии парастории
18.03.2020 145