24-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

24-умин солгарди Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон

          6-уми ноябри соли ҷорӣ 24-умин солгардии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешвоз мегирем. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми баромад дар ХХI сессияи Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карда буд, ки 6-ноябри соли 1994 дар таърихи Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши бузургро бозид. Халқи тоҷик дар таърихи ҳазорсолаи давлатдорияш бо роҳи референдуми умумихалқӣ нахустин конститутсияи худро қабул кард. Иштироки фаъолонаи шахрвандони ҷумҳурӣ дар ин ҳодисаи муҳимми сиёсӣ, пешрафти муҳим ва пирӯзии демократия ба ҳисоб меравад.

         Дар арафаи рӯзи Конститутсия, ки ҳар сол 6-уми ноябр ҷашн гирифта мешавад, баҳо додан ба нақши он дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва маданӣ муҳим аст. На бояд фаромӯш кард, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи муҳимми ҳаёти мо, қабул карда шудааст.

        Мо тоҷикони давлати соҳибистиқлол бо боварӣ метавонем гуфт, ки мо як ҷумла хусусиятҳои давлатиро дорем, ки бо онҳо метавон фахр кард. Аз як тараф ин факти ҷоришуда бошад аз тарафи дигар шаҳрванди тоҷикро новобаста аз он, ки ӯ дар куҷо қарор дорад, амал кардани меъёрҳо ва маҷбуриятҳои конститутсияро водор месозад. Сарчашмаи мафҳуми контитутсионализм ба давраи собиқ Иттиҳоди Шуравӣ рост меояд. Дар он вақт 4 маротиба конститутсия қабул шуд ин ҳам бошад: солҳои 1929, 1931, 1937 ва 1978. Раванди азнавқабулкунии конститутсия аз он далолат мекард, ки Тоҷикистон марҳилаҳои инкишоф ва пешравиро аз сар мегузаронд. Таъкид кардан ҷоиз аст, ки қабулкунии конститутсия омили асосии якҷояшавӣ, мудофияи сулҳ, устуворӣ, осоиштагӣ ва ризоияти умумихалқӣ дар ҷомеа мебошад. Ин хуҷҷати муҳим, роҳи инкишофи халқи тоҷикро дар тӯли ин солҳо муайян кард ва барои ташкил шудани самтҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ вусъатҳои васеъро кушод.

         Соли ҷорӣ 24 солгардии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн хоҳем гирифт.

Кафедраи варзиши муолиҷавӣ ва тибби шарқ


05.11.2018     43