Хатарҳои нав вобаста ба амалҳои террористӣ

     Терроризм ҳамчун руйдоди сиёсӣ таърихи кадима дорад. Калимаи "террор" аз лотинӣ гирифта шуда, маънои тарс, даҳшатро дорад. Он ҳамчун мафҳуми сиёсӣ аз тарафи инқилобчиёни фаронсавии жирондистон ва якобчиён истифода мешуд, ки онҳо бо тарсонидан ва ба даҳшат овардани ҳукумати Людовики XVI мардумро ба ошуб меоварданд.

     Аммо терроризм таърихи аз ин ҳам қадимтар дорад. Аввалин гурӯҳи терористӣ дар таърихи инсоният гурӯҳи сикаристҳо буданд, ки дар солҳои 66-73 асри I мелодӣ дар Фаластин мезистанд. Дар асри XI дар Шарқ бошад, бо номи гуруҳи "асосиҳо", ки ба онҳо Ҳасани Саббоҳ роҳбарӣ мекард ва ҳамчун асосгузори идеологияи терроризм машҳур аст, фаъолият мекард.

     Ҷамъиятҳои махфии террористӣ дар Шарқи Дур, Хитой ва Ҳиндустон вуҷуд доштанд. Аз нимаи дуюми асри XIX ҳаракати террористӣ дар Аврупо ҳарактери доимӣ гирифт. Махсусан, дар Россия ташкилоти "Озодии Халқ" (Народная Воля) хеле фаъол буд. Дар муддати се соли мавҷудияти худ онҳо амалиётҳои зиёди террористӣ анҷом доданд. Аз он ҷумла, куштори Генерал-губернатори Петербург, роҳбарии шуъбаи сеюм генерал Мезенсев, Шоҳ Александри II аз тарафи онҳо амалӣ  карда шуд.  Давомдиҳандаи амали тер¬рористӣ дар Россия эсерҳо буданд. Тахминан ҳамаи кушторҳои дар аввали садаи XX руйдодаро эсерҳо ташкил мекарданд. Дар ин муддат қариб 263 ҳаракати террористӣ фаъолият мекард.
 
    Дар ин вақт дар   Амрико президентхо   Мак-Кинли ва Гарфилд   аз ҷониби террористҳо ба қатл расонида шуданд. Ҳамчунин соли 1894 Президенти Фаронса Карно, соли 1987 сарвазири Испания Кановас, соли 1898 маликаи австриягӣ Елизавета ва соли 1990 шоҳи Италия Умберто дар натиҷаи амали террористӣ ҷони худро аз даст доданд. Баъди ҷанги якуми ҷахон ташкилотҳои террористӣ аз тарафи гурӯҳҳои сепаратистӣ ва гурӯҳҳои фашистӣ дастгирӣ меёфтанд.

     Пас аз ҷанги дуюми ҷаҳон бошад, гӯё амалиёти террористи ба гӯшаи фаромушӣ расида буд. Дар зери таъсири ҷангҳо дар Корея ва Ветнам мавқеи онҳо суст гардид. Аммо ин гурӯҳҳо вуҷуд доштанд. 

     Чунончи соли 1972 гурӯҳи террористии "Сен¬тябри сиёҳ" варзишгарони Исроилро гаравгон гирифтанд,  ки дар натиҷаи ҳуҷум беҳтар варзишгарон, террористон ва  кормандони полис кушта шуданд.

       Дар таърихи нави ҷаҳон мавҷҳои нави ҳаракатҳои террористӣ авҷ гирифта истодааст. Пас аз сентябри соли 2001 терроризм хусусияти глобалӣ пайдо кард. Мувофиқи методҳои таъсиррасонӣ терро¬ризм  чунин  шакл  мегирад:

1. Бо расонидани зарари ҷисмонӣ;


2. Нобуд сохтани объектҳои моддӣ;


3. Бо истифодаи фишороварии руҳӣ-равонӣ.

      Терроризм дохилӣ ва байналхалқӣ шуда метавонад. Терроризми дохилӣ вобаста ба субъектҳои худ ба терроризми давлатӣ, терроризми мухолифӣ ва террориз¬ми байниҳизбӣ тасниф меёбад. Тер¬роризми байналхалқӣ бошад, ба дав¬латӣ ва ғайридавлатӣҷудо мешаванд. Аз руйи ғаразҳо терроризми ҳозираро чунинхусусиятоҳои хоси худро дорад:

1. Дар тактикаи амалиёти терро¬ристӣ дигаргунӣ ба вуҷуд омадааст (аз куштори як-ду нафар ба садҳо-ҳазор расидааст);


2. Таркиби гурӯҳҳои террористӣ бисёр мураккаб гардидааст;


3. Шаклҳо ва роҳҳои террор боз ҳам даҳшатнок шудааст;


4. Бо истифодаи техникаҳои муосир амали карда мешавад;


5. Гурӯҳҳои террористӣ ,бештар ба арзишҳои динӣ ва нажодӣ такя мекунанд;


6. Сарчашмаҳои маблағтузории терроризми байналхалқӣ зиёд шудаанд.

       Ҳанӯз дар солхри 90-уми асри гузашта Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зуҳуроти номатлуби терроризми байналхалқӣ ва экстремизми динӣ рӯ ба рӯ гардида буд - ҷанги шаҳрвандӣ ҷони зиёда аз 150 ҳазор сокинони мамлакатро даррабуд. Танҳо бо шарофати якдигарфаҳмӣ ва саъю талоши тарафҳо 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ ба тасвиб расид.


        Воқеаву ҳодисаҳои мухталифи Ҷаҳони имрӯза собит месозад, ки проблемаи терроризми байналхалқӣ ва экстремизми динӣ, яке аз масъалаҳои муҳим ва доғи рӯз боқӣ мондааст ва ҳал намудани ин мушкилӣ та¬нҳо дар хамбастагии қудрат ва имконоти дохилию хориҷии кишварҳои ҳампаймон имконпазир мегардад. Бо назардошти ин манбаъ, ҳайати фармондеҳии Артиши миллии ҷумҳурӣ дар самти оромӣ ва бехатарии минтақавӣ пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳад, вагарна терроризми байналхалқӣ сарҳад, миллату қавм ва мазҳаб надорад. Маҳз ба ҳамин хотир дар чаҳорчӯбаи Созмони амният ва хамкории дастаҷамъӣ ва дигар созмону ташкилотҳои байналхалқии бехатарӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қувваҳои Мусаллаҳи он бар зидди тер¬роризму экстремизм, нашъаҷаллобӣ, ҳодисаҳои сарҳадшиканӣ ва дигар  ҷиноятҳои муташаккил муборизаи  беамон бурда истодааст.

         Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба низоми нави ҷаҳонӣ ва масъалаҳои глобалии ҳалталаб, аз ҷумла терроризму экстремизми динӣ дар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ чанд маротиба ширкат ва суханронӣ намуда, ин зуҳуроти номатлубро маҳкум намуданд. Натиҷаи таъкид ва огоҳии саривақтии президенти кишвар, буд, ки садҳо нафар волидони ғофил аз ҳолу аҳволи фарзандонашон, ки дар таълимгоҳҳои ифротгароии динӣ ва террористии кишварҳои хориҷӣ қарор доштанд, ба изтироб афтода, барои бозпас омадани онҳо чораҳои қатъӣ андешиданд. Зимнан маълум мегардад, ки ҳисси ватандустию ватанпарастӣ дар замири баъзе шаҳрвандони Тоҷикистони соҳибистиқлол заиф гардида, дар назди виҷдони худ азоб накашида, аз як тараф "лофи ватандорӣ" мезананд ва аз тарафи дигар бо роҳҳои гуногун фарзандони болиғ ва қобили худро аз хизмати ҳарбӣ мегурезонанд ва ё бо сабабҳои дигар ҳатто наврасони пур аз орзӯю омолро ба роҳи торику пурпечутоби ғарибӣ гусел мекунанд.

      Боиси таассуф аст, ки ҷавонони гумроҳ ва бехабар аз аслу нажод ва эътиқоди динии ростгаро дар байни ҷомеаи мо аҳён-аҳён пайдо гашта истодаанд. Онҳо ба доми фиреб афто¬да, беҳтарин атои Офаридгор - аҳли худро ба ҳиллаю найрангҳои муғри-зона ва хоинонаи душманони миллат ва давлати хуқуқбунёди тоҷикон бохтаанд. Заъфи зиракии сиёсии ҷавонон, арҷ нагузоштан ба арзишҳои миллӣ, расму оини миллӣ, муқаддассоти динӣ ва ғайра ба бадхоҳони миллати тоҷик имкон медиҳад, ки сафи тарафдорони худро афзун намоянд. Боздошт ва безараргардонии афроди ҷиноятпеша дар Шарқи мамлакат далели гуфтаҳои болост.

       Ҳамин тариқ, барои пойдории сулҳу суботи ҷомеа, сохтори конститутсионии он, таъмини амният ва ҳифзи арзишҳои моддиву маънавӣ имрӯзҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон узви фаъоли Созмони Милали Муттаҳид, Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Созмони ҳамкории Шанхай ва дигар созмону ташкилотҳои байналхалқӣ буда, хамкориҳои судманди сиёсию ҳарбӣ, иҷтимоию фарҳангиро ба роҳ монда, ба¬рои аз байн бурдани омилҳои террористӣ ва экстремизми динӣ саҳми муносиби хешро мегузорад.


Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа


21.12.2018     64