Вохӯрии пеш аз оғози сессияи зимистона

Вохӯрии пеш аз оғози сессияи зимистона

      Санаи 29.12.2018 дар Маҷмааи нави таълимии шаҳраки “Шифобахш” маҷлиси курсӣ бо донишҷӯёни бахшҳои дуюм ва сеюми факултети стоматологӣ дар давраи пеш аз оғозёбии сессияи имтиҳонӣ гузаронида шуд. Дар ҷаласа мудирони кафераҳое, ки донишҷӯёни курсҳои 2-юм ва 3-юм дар сессияи зимистона аз ин фанҳо имтиҳон месупоранд иштирок доштанд. Сухани ибтидоиро декани факултет Иброҳимов Ю.Ҳ. оғоз намуда, ба донишҷӯён дар бораи ҷараёни сессияи имтиҳонии дар пеш истода гуфта гузашт. Сипас, дар алоҳидагӣ мудирони кафедраҳои номбурда суханронӣ намуда, ба пурсишҳои донишҷӯён посухҳои мушаххас доданд. Пас аз анҷоми ҷаласа мудирони кафедраҳо ва декани факултет ба донишҷӯён бурдбориҳо таманно намуданд.

            Ю.Ҳ. Иброҳимов, декани факултети стоматологӣ, н.и.т.     


05.01.2019     96