Вохӯрии декан бо донишҷӯён

Вохӯрии декан бо донишҷӯён

Санаи 12-уми октябри соли 2018 вохӯрии декани факултети НТҶ Саидзода Б.И. бо донишҷӯёни курси 2 баргузор гардид. Сараввал оид ба муҳтавои суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзи дониш, ки дар ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино рӯзи 1.09. соли 2018 баргузор гардид мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Таъкид гардид, ки Пешвои миллат дар суханронии худ ба тарбияи ҷавонони худогоҳу ватандӯст диққати махсус дода, таъкид намуданд, ки бояд насли ҷавон ба ҳодисаҳои солҳои охир дар ҷаҳон нигоҳи нозук дошта бошанд ва танҳо бо зиракии сиёсӣ ва дониши баланду ифтихор аз арзишҳои миллӣ метавонанд, ки дар эъмори ҷомеаи навин саҳмгузор бошанд ва дар баробари донистани забонҳои хориҷӣ мутахассиси ҷавобгӯи талаботи замон бошанд.

Дар вохӯрӣ натиҷаҳои сессияи тобистона таҳлилу баррасӣ гардида, барои бо натиҷаҳои хуб ҷамъбаст намудани сессияи дар пешистода ба донишҷӯён дастуру маслиҳатҳо дода шуд.

Деканати факултети НТҶ

 


09.09.2018     56