Вохӯрӣ бо намояндагони суди олии иқтисодӣ

Вохӯрӣ бо намояндагони суди олии иқтисодӣ
Дар толори лексионии кафедраи биологияи тиббӣ бо асосҳои генетика рӯзи 19 феврал бо иштироки муовини раиси Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аминзода Зокирҷон, судяи Судии олии иқтисодӣ Нуриддини Нурулло ва сардори Раёсати таъмини ташкили кори судҳо, ҷамъбасти амалияи судӣ, омори судӣ ва арзу шикоятҳои Суди олии иқтисодӣ вохӯрӣ бо устодон ва донишҷӯёни донишгоҳ баргузор гашт.
Дар назди иштирокчиён муовини раиси Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии ТоҷикистонАминзода Зокирҷон оид ба муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат ба таври мафассал суханронӣ намуд.
Сипас, судяи Суди олии иқтисодӣ Нуриддини Нурулло вобаста ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилони Маҷлиси олӣ ва интихоботи вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ» баромад намуда, аз иштирокчиёни вохӯрӣ даъват намуд, ки дар интихоботи дар пешистода, ки рӯзи 1 марти соли ҷорӣ барпо мегардад, фаъолона ширкат варзида, ба ҷонибдории номзадҳои арзандаи хеш овоз диҳанд.
Шуъбаи иттилот ва робита бо ҷомеа

20.02.2020 282